Золи Зар (шаҳркада)

(Тағйири масир аз Шаҳркадаи Золи Зар)

Шаҳркадаи Золи Зар — яке аз ёдгориҳои таърихии ибтидои асри миёна буда, 17 км шимолтари Фархор ҷойгир мебошад.

Маҳалли аҳолинишин
Золи Зар
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё

Ҳудуди шаҳрак 120 гектарро ташкил дода, дар ин ҳудуд дуқабати маданӣ — шаҳраки антиқа ва шаҳраки ибтидоии асри миёна ҷойгир мебошанд. Бахши қадима дар қисмати шимолии ёдгорӣ ҷой гирифта, то имрӯз ба қабристон табдил ёфтааст. Бахши асримиёнагӣ дар қисмати шарқии ҳудуди ёдгорӣ ҷойгир буда, аз қалъа ва шаҳр таркиб ёфтааст. Қалъа дар тарафи шимолу ғарбии ёдгорӣ ҷой дошта, шаклаш чоркунҷа ва андозааш ба 70×70 м баробар мебошад. Атрофашро девор иҳота намудааст, ки дар чор кунҷ манора сохта шудааст. Шаҳрак низ шакли росткунҷаро дошта, аз тарафи ғарбиаш девори лойии бараш 4 метра ва баландиаш 2 метра иҳота кардааст, ки дар ҳар як кунҷи девор манораи баландиаш 5 метра сохта шудааст.

Пажӯҳиш

вироиш

Шаҳрак то охир пурра омӯхта нашуда, вобаста ба маводҳо ва осори пайдошуда, онро мансуб ба асрҳои II—III ва VII—VIII милодӣ медонанд. Ёдгорӣ бори нахуст соли 1964 аз тарафи корманди Шуъбаи бостоншиносии ИТБМ ба номи А.Дониш Х. Муҳиддинов мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Доир ба ёдгории мазкур якчанд мақола ва гузоришҳои илмӣ низ ба чоп расидаанд. Дар солҳои 2008—2009 бостоншиносон М. Азизов ва Ю. Яъқубов дар ин ёдгорӣ ҳафриёт гузаронида, натиҷаи таҳқиқ дар мақолаҳои илмии Яқубов Ю., Хуҷагелдиев Т., Қурбонов Ш. дарҷ гардидаанд[1]. Ҳамзамон солҳои 2015—2017 бо мақсади анҷом додани харитаи бостоншиносии Тоҷикистон, бостоншиносон дар ноҳияи Фархор такроран таҳқиқот гузаронида, якчанд ёдгориҳои навро ба қайд гирифтанд.