Шаҳрнишинӣ
Шаҳрнишинӣ (форсӣ: شهرنشینی), урбанизатсия (аз лот. urbanus — шаҳрӣ) — интиқоли ҷамъият аз манотиқи рустоӣ ба манотиқи шаҳрӣ, афзоиши тадриҷӣ нисбати афроди сокини шаҳрҳо ва роҳҳое, ки ҳар ҷомеъа худро бо ин тағйирот созгор мекунанд.
Шаҳрнишинӣ, куллан ба мафҳуми зиндагӣ як ҷамъият дар шаҳрҳо ба кор меравад, вале маъмулан ба афзоиши шумор сокинони шаҳрҳо нисбат ба сокинони рустои як кишвар ё минтақа ишора дорад. Шаҳрнишинӣ ва афзоиши он, бар иқтисод ва муҳитти зисти як минтақа таъсири зиёде дорад. Ҳамчунин рӯҳиёт ва шеваи зиндагии мардуми шаҳрнишин, бо густариши шаҳрнишинӣ дастхуши дигаргуниҳои нисбатан зиёде мешавад.
Шаҳрнишинии беравия ва густариши пуршитоби падидаи шаҳрнишинӣ дар бисёре кишварҳо боиси ба вуҷуд омадани падидаҳои ҳамчун ҳошиянишинӣ, зоғанишинӣ, такдигарӣ, ташкили шаҳрҳои хобгоҳӣ, афзоиши бекорӣ, ҷинояткорӣ ва мушкилоту носозгориҳои фарҳангӣ мешавад.
Эзоҳ
вироиш
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |