Шералӣ Султонов (Султонов Шералӣ Раҳмонович; 8 апрел 196921 май 2020, Душанбе) — пизишк, ҷарроҳ ва донишманди тоҷик[1], доктори илмҳои тиб (2011), профессор.

Шералӣ Султонов
Таърихи таваллуд 8 апрел 1969(1969-04-08)
Таърихи даргузашт 21 май 2020(2020-05-21) (51 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб[d] (2011)

Зиндагинома вироиш

Шералӣ Султонов 8 апрели соли 1969 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст[2].

Корнома вироиш

Шералӣ Султонов баъди хатми факултаи педиатрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз соли 1996 то 2000-ум дар шуъбаи ҷарроҳии септикии кӯдаконаи Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун табиби ҷарроҳи кӯдакона кор кардааст. Солҳои 2000 то 2007 дар вазифаи мудири шуъбаи ҷарроҳии таъҷилии кӯдаконаи Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2007 то 2010 дар вазифаи мудири шуъбаи ҷарроҳии таъҷилии кӯдаконаи Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2007 то 2010 дар вазифаи мудири шуъбаи ҷарроҳиии узвҳои қафаси сина ва шиками кӯдаконаи ММТ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон омӯзгори ДДТТ кор ва фаъолият кардааст. Рисолаи номзадиро соли 2005 ва рисолаи докториро соли 2011 дар Шӯрои диссертатсионии Маркази илмии саломатии кӯдакони АИТР Донишкадаи педиаторияи ба номи Сперанский шаҳри Москва ҳимоя кардааст[3].

Ҷоизаҳо вироиш

Барои меҳнатҳои шоёнаш соли 2015 бо ордени Шараф дараҷаи 2 қадр шудааст.

Даргузашт вироиш

Шералӣ Султонов 21 майи соли 2020 бар асари бемории COVID-19 даргузашт[4][5].

Эзоҳ вироиш

  1. Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, прогноз погоды на 8 апреля 2014 года (Азия Плюс) http://news.tj/ru/news/salom-aleikum-tadzhikistan-anonsy-sobytii-prognoz-pogody-na-8-aprelya-2014-goda Бойгонӣ шудааст 9 май 2014  сол.
  2. Султонов Шерали Рахмонович(рус.). elpub.ru. 26 Декабри 2023 санҷида шуд.
  3. Холназар Касиров. Табиби ҳозиқ ва олими пуркор. javonon.tj. Ҷавонони Тоҷикистон (8 июли 2017). 26 Декабри 2023 санҷида шуд.
  4. Марги ду пизишки шинохтаи тоҷик аз COVID-19 дар 1 рӯз. Pressa.tj (21 май 2020). 26 Декабри 2023 санҷида шуд.
  5. Коронавирус ва илтиҳоби шуш инҳоро аз байни мо бурд(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 26 Декабри 2023 санҷида шуд.