ЗАРАФШОН

вироиш

Ман умри азизу самари ишқу умедам
Бе обу насими ту тасаввур нанамоям.
Саҳмест зи оби ту ба таркиби вуҷудам
Кайфест аҷаб атри насими ту бароям.

Чун сабзаи ду соҳили ту ман, ки зи хурдӣ
Сабзида, муҳаббат ба Ватан сахт бибастам,
Дар ҳар қадами умр чу оби ту давидам,
Аммо чу зи ту суде наяфзуда зи дастам.

Имрӯз зи ту хонаи ҳар деҳа мунаввар,
Шодобу зарафшон шуда ҳар дашту биёбон.
Аз ту дамани ташна шуд ободу ҷавонбахт
Монандаи дилдодаи маҳҷур зи ҷонон...

Бо оби ту андар дили дашту даману кӯҳ
Рӯида ниҳолу гулу гулзор ба авҷанд.
Алвонҷ зада майсаи навхези зироат,
Сарсабз шуда, ҳушу хаёлам бирабуданд.

Одам наям, эй рӯди Зарафшони зарафшон,
Гар аз ту ба ҳар нийятам ибрат напазирам.
Хоҳам, ки ба мислат ба раҳи умр давида,
Ибрат зи накӯкорию эҳсони ту гирам.

Хоҳам, ки ба дарёи ҳаёт аз назари мавҷ
Чун реги ту такшин нашуда, чун ту занам ҷӯш.
Чун қатраи обат, ки муҷассамшуда бар туст,
Ҳамдаст ба мардум шаваму кишвари гулпӯш.

Хоҳам, ки ба ҳар ташналаби сулҳу амонӣ,
Чун оби ту соф оби амонӣ бирасонам.
Аз наҳри сухан, ишқи Ватан, ишқи ҳабибон
Бо хомаи худ чун ту басо зар бифишонам!

1960


Лоиқ Шералӣ | Смсҳои Ошиқона