Шикоят аз пирӣ
«Шикоят аз пирӣ» — қасидае аз Рӯдакӣ, иборат аз 34 байт.
Қасидаи «Шикоят аз пирӣ» шарҳиҳолӣ буда, шоир онро дар айёми пирӣ ва рӯзҳои сахти зиндагӣ навиштааст. Дар ин қасида Рӯдакӣ лаҳзаҳои муҳимтарини ҳаёти худ, хусусан гардишҳо ва баланду пастиҳои онро ба ёд меорад[1]. Қасида аз ҷиҳати устухонбандӣ ба панҷ қисмат ҷудо мешавад.
Матни комили қасида
вироишМаро бисуду фурӯ рехт, ҳар чи дандон буд,
Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд!
Сапедсимизада буду дурру марҷон буд,
Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд.
Яке намонд кунун з-он, ҳама бисуду бирехт,
Чӣ наҳс буд! – Ҳамоно, ки наҳси Кайвон буд!
На наҳси кайвон буду на рӯзгори дароз,
Чӣ буд, ман-т бигӯям: қазои Яздон буд.
Ҷаҳон ҳамеша чунин аст, гирдгардон аст,
Ҳамеша, то бувад ойин, гирдгардон буд.
Ҳамон, ки дармон бошад, ба ҷойи дард шавад
Ва боз дард ҳамон, к-аз нахуст дармон буд.
Куҳан кунад ба замоне, ҳамон куҷо нав буд
Ва нав кунад ба замоне ҳамон, ки хулқон буд.
Басо шикастабиёбон, ки боғи хуррам буд
Ва боғи хуррам гашт, он куҷо биёбон буд.
Ҳаме чӣ донӣ, эй моҳрӯи мушкинмӯй,
Ки ҳоли банда аз ин пеш бар чӣ сомон буд?!
Ба зулфи чавгон нозиш ҳамекунӣ ту бад-ӯ,
Надидӣ он гаҳ ӯро, ки зулфчавгон буд.
Шуд он замона, ки рӯяш ба сони дебо буд,
Шуд он замона, ки мӯяш ба сони қатрон буд!
Чунон ки хубӣ меҳмону дӯст буд азиз,
Бишуд, ки бознаёмад азиз меҳмон буд.
Басо нигор, ки ҳайрон будӣ бад-ӯ дар чашм,
Ба рӯйи ӯ - дар чашмам ҳамеша ҳайрон буд.
Шуд он замона, ки ӯ шод буду хуррам буд,
Нишоти ӯ ба фузун буду бим нуқсон буд.
Ҳамехариду ҳамесахт бешумор дирам,
Ба шаҳр ҳар кӣ яке турки норпистон буд.
Басо канизаки некӯ, ки майл дошт бад-ӯ,
Ба шаб зи ёрии ӯ назди ҷумла пинҳон буд.
Ба рӯз чунки наёраст шуд ба дидани ӯ,
Ниҳеби хоҷаи ӯ буду бими зиндон буд.
Набизи равшану дидори хубу рӯи латиф,
Агар гарон буд, зӣ ман ҳамеша арзон буд.
Дилам хизонаи пурганҷ буду ганҷ – сухан,
Нишони номаи мо меҳру шеър унвон буд.
Ҳамеша шоду надонистаме, ки ғам чӣ бувад,
Дилам нишоту тарабро фарохмайдон буд.
Басо дило, ки ба сони ҳарир карда ба шеър,
Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд.
Ҳамеша чашмам зӣ зулфакони чобук буд,
Ҳамеша гӯшам зӣ мардуми сухандон буд.
Иёл не, зану фарзанд не, маунат не,
Аз ин ҳама танам осуда буду осон буд.
Ту Рӯдакиро, эй моҳрӯ, кунун бинӣ,
Бад-он замона надидӣ, ки ин чунинон буд.
Бад-он замона надидӣ, ки зӣ чаман рафтӣ,
Сурудгӯён, гӯйӣ, ҳазордастон буд.
Шуд он замон, ки ба ӯ унси родмардон буд,
Шуд он замона, ки ӯ пешкори мирон буд.
Ҳамеша шеъри варо зӣ мулук девон аст,
Ҳамеша шеъри варо зӣ мулук девон буд.
Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинвишт,
Шуд он замона, ки ӯ Шоири Хуросон буд.
Куҷо ба гетӣ будаст номвар деҳқон,
Маро ба хонаи ӯ сим буду ҳумлон буд.
Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд!
Бидод мири Хуросон-ш чил ҳазор дирам
Ва-аз ӯ фузунии як панҷ мири Мокон буд.
Зи авлиёш пароканда низ ҳашт ҳазор
Ба ман расид, бад-он вақт, ҳоли хуб он буд.
Чу мир дид сухан, дод доди мардии хеш,
Зи авлиёш чунон, к-аз амир фармон буд.
Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,
Асо биёр, ки вақти асову анбон буд!