Ширкати муштараки Кончоч
Ширкати муштараки тоҷикиву чинӣ «Кончоч» — кони истихроҷи маъдани тило дар ноҳияи Айнӣ аст.
Таърих
вироишАввалин экспедитсия ба Кончоч ҳанӯз дар соли 1935 аз сӯи геологҳои шӯравӣ анҷом шуда, аммо бидуни ҳеч натиҷае ба зудӣ кори худро қатъ кардааст. «Аз соли 1947 то 1956 Эскпедитсияи Равад кор кард. Он замон геологҳо таҷҳизоти худро бо хару асп ба ин минтақа интиқол медоданд. Боз корҳо қатъ шуданд. Соли 1965 Экспедитсияи иктишофӣ-геологии Моғиён ташкил ёфт, ки ба далели набудани роҳ, ҳатто тракторро ба қисмҳо ҷудо намуда, тариқи хару асп ба Кончоч интиқол доданд ва ин ҷо аз нав ҷамъ оварданд. Соли 1997 сармоягузории корҳо аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон дар кони Кончоч қатъ шуд», — қисса мекунад Яҳё Давлатов. Пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ тилову сурмаи Кончоч ширкатҳои хориҷии зиёдро ба сӯи худ мекашид. Солҳои 90 як ҳайати ширкати «Оксус Голд» (Бритониё) ва ҳам як ҳайате аз Эрон ба ин маҳал омада, муддате саргардон шуданд, аммо рафтанду дигар барнагаштанд.[1]
15 декабри соли 2017 «Талко» ва «Ширкати саноати куҳии Ҳуаюй» (Tibet Hua Yu Mining Co., Ltd) — и Чин «Созишнома дар бораи ширкати муштарак» — ро имзо карданд, ки дар пайи он «Талко Голд» бо саҳми 50 ба 50 ба ширкати муштараки тоҷикиву чинӣ табдил ёфт. Кони Кончоч минтақаест, ки дар 7 километрии Искандаркӯл дар ноҳияи Айнӣ воқеъ аст. Қаблан расонаҳо аз қавли манобеъи гуногун захоири онро аз 32 то 60 тон тилову то 300 ҳазор тон сурма ҳисоб карда буданд. Ҳамчунин аз истеҳсоли нуқра, симоб, сафедаи симоб ва флюорит низ дар назар аст. Дар миёни тамоми корхонаҳои маъдани фаъол дар саросари кишвар, аз қабили «Зарафшон», «Анзоб», «Апрелевка», «Пакрут» ва ғайра «Талко Голд» танҳо ширкате хоҳад буд, ки Тоҷикистон дар он 50 дарсад саҳм дорад. Бақия ҳама бо саҳми 75 то 100 % мутааллиқи ширкатҳои хориҷиянд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 “Талко голд” - "нозанини саноатӣ" дар оғӯши куҳҳои Фон – гузориши тасвирӣ(тоҷ.). www.sputnik-tj.com. 202о-08-29 санҷида шуд.