Шоазиз Самиевич Азизов (тав. 19 ноябри 1953, Душанбе) — кимиёшиноси тоҷик, номзади илми кимиё, профессор. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2020), дорандаи нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004).

Шоазиз Азизов
Азизов Шоазиз Самиевич
Таърихи таваллуд 10 ноябр 1953(1953-11-10) (70 сол)
Зодгоҳ шаҳри Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Вазорати саноати хўроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хукумати ш. Душанбе, Мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ДДОТ ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ профессор

Зиндагинома

вироиш

Шоазиз Самиевич Азизов хатмкардаи факултети иқтисодиёт ва идоракунии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1975) ва факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (2004). Солҳои 1975-1986 дар Вазорати саноати хўроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои муҳандис, муҳандиси калон, мудири сектор, муҳандиси пешбар, 1987-1990 дар Вазорати манзилию хољагии коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои идоракунанда, мудири шуъба, директори стансияи илмӣ-тадқиқотӣ, сардори шуба, 1990- 1991 дар Хукумати ш. Душанбе дар вазифаи мутахассиси дараҷаи якум ва солҳои 1991-1993 дар вазифаҳои директори ширкат, намояндаи Иттифоқи иҷоракорон ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, 1993-1996 мушовири шуъбаи тоҷикистони фонди байналмилалии «Ислоҳот», кор кардааст. Аз 1996 то 2014 дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати муовини сардори Раёсат, муовини сардори дидбонгоњи гумрук, сардори кафедра хидмат намудааст. Аз соли 2013 инҷониб дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ , ба ҳайси дотсенти кафедраи «Менељменти молиявӣ», мудири кафедраи умумидонишгоҳии «Назарияи иқтисодӣ» (2014-2019) ва сипас професори мамин кафедра кор мекунад. Номбурда бо сафарҳои хидматӣ дар мамлакатҳои Арабистони Саудӣ (соли 1993), Мисри Араб, Исроил (1995), Туркия, Аморати муттаҳидаи Араб, Финландия, Эстония, Латвия, Литва, Қазоқистону, Федератсияи Россия рафта, дар курсҳои бозомўзи, конфренсияю семинарҳои байналмиллалӣ иштирок ва баромад намуда, сазовори 42 адад сертификати ташкилотњои бонуфуси байналмиллалӣ гардидааст. Савияи касби ва мањорати кории худро дар Академияи полиси Туркия, Академияи мубориза бар зидди маводи муходири Туркия, Академияи сарҳадоти Финландия, Вазорати молияи Эстония, Раёсати мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ барои таъмини амнияти милли, иқтисодӣ, амнияти биологӣ, экологӣ ва ядроӣ, инчунин, назорати содироти ва истифодабарии техникаи назорати гумрукӣ дар сарҳадот сайқал додааст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Шоазиз Азизов 14 китоби дарсӣ, 16 дастури методӣ-таълимӣ, 17 барномаи таълимию методӣ ва силлабусҳо, 43 мақолаи илмӣ, 7 мақолаи маърифатию оммавӣ таҳия ва ба нашр расонидааст.

  • Формирование и развитие информационных таможенных услуг в Республике Таджикистан. Д., 2020 (ҳаммуаллиф);
  • Механизм реализации инновационного потенциала Таджикистана. Д., 2019 (ҳаммуаллиф);
  • Продовольственная безопасность в системе национальной безопасности страны Д., 2018;
  • Ташхис ва мониторинги амнияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ќ. 5. Д., 2017;
  • Стратегияи рушди иқтисоди миллӣ (Таркиби сиёсати сармоягузорӣ қисми 3). Д., 2015;
  • Налоговое регулирование в промышленности. Д., 2006 (ҳаммуаллиф);
  • Молияи корхонаҳо (корпоративӣ) - китоби дарсӣ барои ихтисосҳои риштаҳои иқтисодиёт ва молия. Д., 2016;
  • Назарияи иқтисод маҷмуаи методӣ оид ба низоми кредитии таълимот. Д., 2015 (ҳаммуаллиф);
  • Луғату калимаҳо ва ибораҳо оид ба иқтисоди бозорӣ-маводи таълимӣ-методӣ. Д., 2015 (ҳаммуаллиф);
  • Забони англисӣ дар соҳаи фаъолияти гумрук (англисӣ, тоҷикӣ, русӣ) китоби дарсӣ. Д., 2011 (ҳаммуаллиф);
  • Муоинаи шахсӣ-шакли назорати гумрукӣ (тоҷикӣ ва русӣ). Д., 2011 ва ғ.

Пайвандҳо

вироиш