Шодихон Парвонаевич Юсуфбеков (13 майи соли 1962, деҳаи Дашти, ноҳияи Роштқалъа — 9.09.2018, шаҳри Хоруғ Тоҷикистон) — забоншинос, доктори илми филология (1995), профессор (1996), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997).

Шодихон Юсуфбеков
Шодихон Парвонаевич Юсуфбеков
Таърихи таваллуд 13 май 1962(1962-05-13)
Зодгоҳ деҳ. Дашти ноҳияи Роштқалъа , ВМКБ ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 9 сентябр 2018(2018-09-09) (56 сол)
Маҳалли даргузашт Хоруғ
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1995)
Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997)

Зиндагинома

вироиш

Шодихон Парвонаевич Юсуфбеков дар деҳаи Дашти ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна дар Донишгоҳи давлатии ш. Хуҷанд таҳсил кардааст (1979-1984). Фаъолияти меҳнатиаш аз омӯзгории мактаби миёна оғоз шудааст. Чун ба корҳои тадқиқотиву пажӯҳишӣ дар соҳаи забон шавқу завқи зиёд дошт, тибқи озмун ба вазифаи ходими илмии Шӯрои Помиршиносии бахши Помири Академияи илмҳои ҶТ интихоб гардида (1989), худи ҳамон сол ба аспирантураи назди Институти забоншиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравӣ дар ш.Москва дохил мешавад. Рисолаи номзадиро таҳти роҳбарии эроншиноси маъруф проф. Ҷ.И. Эделман ҳимоя мекунад (1992). Аз замони ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии ш. Хоруғ ба н.М. Назаршоев ба ҳайси декани факултети таъриху филологияи ДДХ (1992-1996) адои вазифа намудааст. Фаъолияти пажӯҳишгариашро дар докторантураи Академияи илмҳои Фадератсия Русия идома дода, натиҷааш ҳимояи рисолаи докторӣ дар соли 2000 дар самти махсусиятҳои таърихиву овоии яке аз қадимтарин забонҳои тоҷикӣ – забони синглеҷӣ дар назди мактаби забоншиносии Москав буд. Фаъолияти роҳбариаш дар соҳаи пажӯҳиш аз с. 1996, аз ҷонишинии директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои инсонии АИ ҶТ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, аз с. 2000 то инҷониб Директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои инсонии АИ ҶТ Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.[1]

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Таҳти роҳбарии ӯ дар Пажӯҳишгоҳ тадқиқотҳои боарзиши филологӣ, этнологӣ, бостоншиносии алоқаманд ба таърихи мардуми Бадахшон, ҳамчунин афкори фалсафию мазҳабии минтақа анҷом дода шудаанд. Дар тӯли роҳбариаш соҳаи фолклоршиносии Пажӯҳишгоҳи илмҳои инсонии хеле рушд карда, се ҷилди мукаммали “Фолклори Бадахшон” ба нашр расиданд. Маҳсули фаъолияти илмии профессор Юсуфбеков се монография дар соҳаи забоншиносӣ ва зиёда аз 200 мақолаҳои илмию илмӣ-оммавӣ буда, ӯ инчунин яке аз муаллифони асосии китоби дуҷилдаи «Таърихи Вилояти Кӯҳистони Бадахшон» (2005) ба шумор мерафт. Профессор Шодихон Юсуфбеков яке аз муаллифони нашрияи бисёрҷилдаи энсиклопедии «Забонҳои дунё» (қисмати Авруосиё), ки аз тарафи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии АИ ФР мунташир мегардад буда, инчунин узви ҳайати муаллифони ҷилди навбатии «Асосҳои забоншиносии эронӣ» аст. Таҳти роҳбарии ӯ ҷилди навбатии маҷмӯаи илмии «Масъалаҳои помиршиносӣ» аз чоп баромада дастраси аҳли илми тоҷик гардид. Ӯ муҳаррири илмии «Паёми Донишгоҳ»-и Хоруғ буда, барномаи таълимии «Мадхали забоншиносии эронӣ» маҳз ба қалами ӯ тааллуқ дорад, ки чун яке аз беҳтарин дастурҳои таълимии донишҷӯён дар ин самт шинохта шудааст. Дар давоми солҳои 2000-2010 ду навбат ба ҳайси намояндаи халқи Маҷлиси вакилони ВМКБ интихоб гардидааст. Профессор Шодихон Юсуфбеков бо масоили мухталифи забоншиносиву адабиётшиносии тоҷик дар конфронсҳои байналхалқӣ дар Олмон (1990), Полша (1999), Эрон (2002), Булғория (2012) ва Россия (1998; 2000; 2012) суханронӣ намудааст.

Муҳимтарин осори илмию тадқиқотии ӯ: Сангличский язык в синхронном и историческом освещении тема диссертации и автореферата по ВАК РФ 10.02.08, доктор филологических наук Юсуфбеков, Шодихон Парвонаевич. [2]

  • Дейктичность в языках шугнано-рушанской группы: семантико – прагматические аспекты. («Дейктикӣ дар забонҳои гурӯҳи шуғнониву рӯшонии забонҳои помирӣ»). М., 1998,
  • Сангличский язык в синхронном историческом освещении. М., 1999,
  • История Горно-Бадахшанской автономной области. Душанбе, 2005,
  • Сангличский язык//Основы иранского языкознания: Бесписьменные языки. М., 2008.[3]