Шоҳзода Насимов, Амонбек (1946 – 1993) — шоири тоҷик.

Шоҳзода Насимов

Зиндагинома

вироиш

Шоҳзода Насимов зодаи рустои Поршневи ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшони Тоҷикистон аст. Дар соли 1973 факултаи забону адабиёти форсии тоҷикиро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба поён бурд. Нахустин ашъор, мақолаҳо ва рисолаҳояш дар давраи дабиристон дар рӯзномаҳои “Бадахшони Советӣ”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Маориф ва маданият” ва “Тоҷикистони Советӣ” мунташир мешуд. Шеърҳои баъдии вай дар моҳномаҳои “Садои Шарқ”, “Помир” ва “Фарҳанг” ба чоп мерасид. Дар 1987 нахустин маҷмуаи ашъораш ар интишороти “Адиб” мунташир гашт. Табиати зебои Тоҷикистон, ойинҳои мардуми кӯҳистон ва посдорӣ аз асолати забону фарҳанги тоҷикӣ аз дарунмояҳои аслии осори ӯст. Амонбек аз 1991 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон даромад. Бародараш Султон Шоҳзода низ шоир аст.

Манбаъ

вироиш
  • Хуршедҳои гумшуда, саҳ. 30;
  • Шеъри ғарқи хун, саҳ. 64;
  • рӯзномаи “Бадахшони Советӣ”, сентябри 1993;
  • рӯзномаи “Дил”, 1987. [1]

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи адаби форсӣ. Адаби форсӣ дар Осиёи Миёна. – Теҳрон: Интишороти вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1380, ҷ. 1,

саҳ. 129.

  1. Амонбек(тоҷ.). 17 июни 2024 санҷида шуд.