Шуҳрат Ашӯров
Шуҳрат Ашӯров (Шуҳрат Абдулвоҷидович Ашӯров; 25 апрели 1978, Душанбе) — иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисод (2004).
Шуҳрат Абдулвоҷидович Ашӯров | |
Таърихи таваллуд | 25 апрел 1978 (46 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисодиёт |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишШуҳрат Абдулвоҷидович Ашӯров факултаи иқтисодиёти кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемурро хатм кардааст (1999). Аспирант, инспектори калони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (2000—2004). Дар мавзӯи «Формирование и проблемы совершенствования системы управления в рыночных структурах аграрного сектора Республики Таджикистан» рисолаи номз. дифоъ кардааст (2004). Минбаъд дотсенти каф. назарияи иқтисод (2004-07), декани факултаи кор бо донишҷӯёни хориҷӣ (2007—2008), мудири шуъбаи равобити байналмилалии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон шуда кор кардааст (2008-17). Аз соли 2018 мудири кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон. Муаллифи 30 таълифоти илмӣ, аз ҷумла дастури таълимӣ-методӣ.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с.(тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6