Эворист Голуо
Эворист Голуо (фр. Évariste Galois; 25 октябри 1811, Бур-ля-Рен, О-де-Сен, Фаронса — 31 майи 1832, Порис, Фаронса) — риёзидон фаронсавӣ, асосгузори алгебраи муосир.
фр. Évariste Galois | |
Таърихи таваллуд | 25 октябр 1811[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 31 май 1832[4][1][5][…] (20 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | назарияи Голуо[d] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДар литсеи подшоҳии Луи-ле-Гран таҳсил карда, аз 16-солагӣ ба омӯзиши амиқи математика оғоз намуд. Соли 1829 ба Мактаби олии Порис дохил гардид, вале ба сабаби ширкат дар ҳаракатҳои инқилобӣ ӯро аз мактаб хориҷ карданд. Эворист Голуо барои ширкат дар ҳаракатҳои зидди подшоҳ ду бор ҳабс шудааст. Ӯ соли 1832, баъди озод шуданаш, дар синни 21-солагӣ аз тарафи душманони сиёсиаш дар дуэл кушта шуд. Қобилияту истеъдоди Эворист Голуо зуд ошкор шуда буд: дар 15-солагӣ ӯ оид ба математика маълумоти амиқ гирифта, дар синни 16-18-солагӣ натиҷаҳои муҳимро дар назарияи муодилаҳои алгебравӣ ба даст овард. Дар 20-солагӣ Эворист Голуо тавонист математикаи садаи XIX-ро ба дараҷаи баланд бардорад.
Таҳқиқот
вироишАз асарҳои илмиаш «Ёддоштҳо оид ба ҳалшавии муодилаҳо дар радикалҳо» нисбатан машҳур буда, дар он пешниҳодҳои муҳимми назарияи Эворист Голуо ифода ёфтаанд. Эворист Голуо дар асараш «Аз назарияи адад» назарияи майдонҳои охирнок (майдон, гурӯҳ, тақсимкунандаи нормалӣ ва ғайра)-ро таҳия намудааст. Чанд рӯз қабл аз дуэл Эворист Голуо ҳамаи фикрҳои худро тасвият дода, ба дӯсташ О. Шевалйе мактуб (васиятномаи математикӣ) менависад, ки дар он теоремаҳои асосии интегралҳои функсияи алгебравиро таҳия кардааст (онро дертар Б. Риман дар асарҳояш кашф мекунад). Таҳқиқоти Ж. Лагранж ва Н. Абелро дар бораи ҳалли муодилаҳои алгебравӣ давом дода, назарияе ба вуҷуд овард, ки дертар назарияи Галуа ном гирифт. Соли 1846 Ж. Лиувилл ҳамаи асарҳои Эворист Голуоро ҷамъ карда, дар «Маҷаллаи математикаи асил ва таҷрибавӣ» интишор намуд. Баъди ин ғояҳои Эворист Голуо таваҷҷуҳи математикҳои замонаашро ба худ ҷалб намуданд ва ба туфайли «Рисолае оид ба гузориш»-и К. Жордан, асарҳои баъдии Ф. Клейн ва С. Ли комилан дарк карда шуданд.
Ба номи Эворист Голуо танӯрае дар тарафи нонамоёни Моҳ номгузорӣ шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
- ↑ GeneaStar
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ (unspecified title)
Адабиёт
вироиш- Галуа Эварист // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.