Эдвин Грантовский
Э́двин А́рвидович Гранто́вский (16 феврал 1932, Маскав — 28 июн 1995, Маскав) — эроншинос ва таърихнигори шӯравӣ.
Таърихи таваллуд | 16 феврал 1932 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 28 июн 1995 (63 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | эроншиносӣ |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих[d] |
Алма-матер |
|
Шогирдон | Askold Ivanchik[d] |
Зиндагинома
вироишЭ́двин Гранто́вский хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Маскав (1954). Аз соли 1955 то охири умраш дар Институти шарқшиносии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардааст. Аз соли 1969 мудири кафедраи таърихи Шарқи қадим буд. Эдвин Грантовский бештар ба таърихи ташаккулёбии ориёиҳо, ҳиндуориёиҳо ва сакоиҳову скифҳо таваҷҷуҳ намуда, наздикӣ ва қаробати аҷдоди қабилаҳои гуногуни эронии қадим — порсҳо, мидиҳо, аризонтҳо, сарматҳо ва ғ.-ро дар асоси мадракҳо ва матнҳои қадими эронию ҳиндӣ нишон додааст. Ӯ, ҳамчунин, аз як манбаи умумӣ пайдо шудани забон, қаробати дину фарҳанг, урфу одат, созмони хонаводагӣ, тарзи зиндагӣ ва умумияти аҷдодии эрониён ва ҳиндуориёиҳоро дар давраҳои қадими ташаккулёбиашон исбот намудааст. Эдвин Грантовский беш аз 100 асар навишта, дар китоби «Таърихи аҳди қадими қабилаҳои эронӣ дар Осиёи Пеш» (1970) ақидаеро пешниҳод намудааст, ки тоифаҳои ориёии ҷанубу ғарбии Эрон дар оғози иттиҳоду падидаҳои давлатсозиашон (асрҳои 9-8 то м.) ба ҳайати давлатҳои Ошур, Элом ва Урарту шомил будаанд. Баъдтар дар заминаи ташаккулёбӣ ва муттаҳидшавии қабилаҳои эронизабон ибтидои асри 7 давлати Мод таъсис меёбад, ки ҳудудҳои Экбатан (Ҳамадон), вилояти Форс ва чанде аз вилоятҳои ҳамсояро фаро мегирифт. Дар асари бунёдиаш «Эрон ва эрониён то аҳди Ҳахоманишиён» (1998) Эдвин Грантовский қаробати тоифаҳои эронӣ ва ҳиндуориёӣ, макони аслӣ ва муҳоҷирати ориёиҳо ба самти Эрони Ғарбӣ, таъсисёбӣ ва ташаккули давлати Мод, инчунин зуҳури давлати ҷаҳонии Ҳахоманишиён ва дар қаламрави як империяи абарқудрати ориёитаборон муттаҳид шудани кишварҳои мухталифи шарқи бостонӣ, аз ҷумла давлатҳои собиқаи Мод, Ошур, Урарту, Бобилро асоснок намудааст. Эдвин Грантовский яке аз эроншиносони варзидаи солҳои 70-90 асри 20 буда, оид ба таъриху ташаккули ориёиҳо, ҳиндуориёиҳо, сакоиҳо ва скифҳо таҳқиқоти нодир анҷом додааст..
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Грантовский Эдвин Арвидович / Б. Абдураҳмонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.