Эдуардо Дуалде
исп. Eduardo Duhalde
10 декабр 2001 — 4 январ 2002
2 январ 2002 — 25 май 2003
Пешгузашта Эдуардо Оскар Камано
Ҷонишин Нестор Киршнер
2003 — 2005
Ҷонишин Carlos Álvarez[d]
8 июл 1989 — 10 декабр 1991
Пешгузашта Víctor Hipólito Martínez[d]
Таваллуд 5 октябр 1941(1941-10-05)[1] (83 сол)
Ҳамсар Hilda González de Duhalde[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Соядаст
Ҷоизаҳо
Grand Cross of the Order of the Sun of Peru‎ Medal of the Oriental Republic of Uruguay
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Эдуардо Алберто Дуалде Малдонадо ( исп. Eduardo Alberto Duhalde Maldonado; тав. 5 октябри 1941, Ломас де Самора, музофоти Буэнос-Айрес ) - Президенти Аргентина дар 2002 - 2003. Ҳукмронии президент Эдуардо Дуалде давраи аз бӯҳрони иқтисодӣ баромадани Аргентина буд. Ӯ аз рӯи ихтисос ҳуқуқшинос аст. Аз соли 1973 сардори шаҳракхои атрофи пойтахт буд. Солҳои 1987—1989 вакил ва ноиби спикер. Солҳои 1989—1991 - ноиби президенти Аргентина таҳти роҳбарии президент Карлос Менем. Аз соли 1991 то 1999 губернатори музофоти Буэнос-Айрес . Соли 1999 дар интихоботи президентӣ ҷои дуюмро гирифт. Моҳи январи соли 2002 ӯ аз ҷониби парлумон пас аз истеъфои Фернандо де ла Руа, Адолфо Родригес Саха ва ду нафар президенти муваққат президент.и Аргентина интихоб шуд.

Вай ба футболбоз Марадона дар ҳукумат як мансаб пешниҳод карда буд [2]. Дар соли 2009 ӯ хоҳиши дубора дар интихобот ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ ширкат карданро изҳор дошт.

Сиёсати иқтисодӣ

вироиш

Тадбирҳои ҳукумати муваққатии ӯ кушиши ором кардани кишварро тавассути ислоҳотҳо, аз қабили Муколамаи Аргентина, тадбирҳои гуногуни иқтисодие, ки ба эҳёи иқтисоди Аргентина, ки солҳои сол ба таназзул дучор шуда буд, иборат буданд: беқурбшавии асъор, ки ба таваррум хотима гузошт; маҷбуран кам кардани пасандозҳои бонкӣ бо асъори хориҷӣ ва як қатор тадбирҳои иҷтимоӣ, ки ба коҳиш додани оқибатҳои таназзули иқтисодӣ нигаронида шудаанд, ки боиси афзоиши камбизоатӣ гардиданд [3].