Эдуар Гурса
Эдуа́р Жан-Бати́ст Гурса́ (фр. Édouard Jean-Baptiste Goursat; 21 май 1858[1][2][3][…], Lanzac[d] — 25 ноябр 1936[4][1][2][…], Порис[4]) — риёзидони фаронсавӣ, узви АИ Порис (1919).
фр. Édouard Jean‐Baptiste Goursat | |
Таърихи таваллуд | 21 май 1858[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 25 ноябр 1936[4][1][2][…] (78 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | таҳлили риёзӣ[d][5] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Jean Gaston Darboux[d][6] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Мактаби олӣ дар Порис (1876). Аз соли 1897 профессори Донишгоҳи Сорбонна. Асосан, дар соҳаи назарияи муодилаҳои дифференсиалии ҳосилаҳояшон хусусии тартиби 2 ва назарияи функсияҳои таҳлилӣ таҳқиқот анҷом додааст. Масъалаи ҳалли муодилаҳои ҳиперболӣ ва системаи тартиби 2-ро бо ду тағйирёбандаи новобаста бо шартҳои ҳудудӣ пешниҳод кард (масъалаи Эдуар Гурса). Таснифоти муодилаҳои дифференсиалии ҳосилаҳояшон хусусӣ ва тавсифоти дар заминаи онҳо ҳосилшударо пешгӯӣ намуд. Теоремаи интегралии Коширо исбот кард. Дар физикаи математикӣ функсияҳои Эдуар Гурса, дар геометрия конфигуратсияи Эдуар Гурса маъмуланд. «Курси таҳлили математикӣ»-и ӯ ба бисёр забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ тарҷума шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ 3.0 3.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 Гурса Эдуар // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Адабиёт
вироиш- Гурса Эдуард // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.