Эйрдроп (рамзарз)
Эйрдроп ( англисӣ-Airdrop) ин раванди эҳдои токени як рамзарз ё сиккаи он ба шумор меравад, ки одатан ба сурати ройгон ба нишонии сершумори ҳамёнҳои муътамад фиристода мешавад. Airdrops аксаран бо роҳандозии як рамзарзи ҷадид ё протоколи DeFi пешниҳод карда мешавад, дар дараҷаи аввал бабарои ҷалби тавваҷуҳу пайравони нав, ки боис мешавад пойгоҳи корбари бузургтар ва пардохт густардатар сиккаҳоро ба роҳ монад . [1] Airdrops қисми муҳимтари ICOҳо буданд, зеро соҳибкорони рамзарз ба ҷои пешниҳоди оммавӣ барои ҷалби сармояи аввалия ба фурӯши хусусӣ шурӯъ карданд. Ҳамчун намунаи равшани эйрдроп ширкати OmiseGO мебошад, ки дар моҳи сентябри соли 2017 панҷ дарсади рамзарзҳои OmiseGO-ро ба дорандагони Ethereum ҳадя кард[2].
Ҳадафи Airdrops бартарӣ додан таъсири шабакавӣ, ҷалби дорандагони мавҷудаи арзи муайян дар асоси blockchain, ба монанди Биткойн е Эфириум, ба арзи лоиҳаи худаш, мебошад.[3]
Дар Иёлоти Муттаҳида, таҷрибаи мазкур боиси эҷоди мушкилот дар сиёсатҳои молиётӣ ӯҳдадориҳои молиётӣ шудааст , ва ин ақидаеро ба вуҷуд овардааст, ки дорандагони эйрдроп сармоя доранд ё дар ҳоли даромади сармоя ҳастанд. [4]
Адабиёт
вироиш- ↑ Van Boom. Crypto airdrop season: Why people are making thousands for 'free'. CNet. 8 марти 2022 санҷида шуд.
- ↑ Marshall. The latest crypto PR craze: 'Airdropping' free coins into your wallet (en-US). VentureBeat (6 сентябри 2017). 10 октябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ BJORØY. The latest crypto PR craze: 'Airdropping' free coins into your wallet. venturebeat.com (6 сентябри 2017).
- ↑ Bitcoin Is on a Collision Course With the IRS(англ.), Fortune. Бойгонӣ шудааст 11 сентябри 2021 сол. Проверено 17 Январ 2018.
Шаблон:CryptocurrenciesРамзарзҳо