Элизабет Виже-Лебрун
Мари-Элизабет-Луиз Виже-Лебрун (фр. Élisabeth-Louise Vigée-Le Brun; 16 апрел 1755[1][2][3][…], Порис[4][5] — 30 март 1842[2][3][6][…], Порис[5]) — рассом ва чеҳранигори фаронсавӣ.
фр. Élisabeth Vigée Le Brun | |
Таърихи таваллуд | 16 апрел 1755[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 30 март 1842[2][3][6][…] (86 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Мамлакат: | |
Жанр | нигоргарии сурат[d], такчеҳра[5] ва наққошии манзара[d][8] |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишНахустин сабақҳои рассомиро аз падар гирифт, баъдан аз таҷрибаҳои устодон Ж. Б. Грёз, Ж. Верне, Г. Ф. Дуайен ва дигарон. баҳра бардошт ва охири солҳои 1760 ҳамчун рассоми ҳирфаӣ ном баровард. Издивоҷ бо Жан Батист Лебрен (1776) — мусаввир ва тоҷири осори ҳунарӣ, шуҳрати ӯро афзун намуд. Соли 1779 барои кашидани портрети малика Мария Антуанетта ба Версал даъват шуд. Дар он ҷо ба муваффақият расид ва наққошу дӯсти малика шуд. Вай аз малика ду тасвир бардошт, ки дар яке малика бо гули сурх дар даст ва дар дигаре бо ду фарзанди хеш наққошӣ шудааст (ҳар ду дар Версал). Соли 1783 ба узвияти Академияи салтанатии рассомию ҳайкалтарошӣ пазируфта шуд. Пас аз инқилоби Фаронса (1789) рӯ ба муҳоҷират оварда, дар Итолиё, Австрия, Ҳолландия ва дигар кишварҳои Аврупо зиндагӣ кард, солҳои 1795—1802 дар Петербург буд.
Дар осори Элизабет Виже-Лебрун ормонҳои класситсизм бо эстетикаи сентиментализм тавъам будаанд; ӯ бо зарофати устодона ҳатто дар симои ашхоси расмӣ рӯҳияи ботинии онҳоро бозтоб кардааст («Автопортрети ӯ бо духтараш», 1787; «Малика Елизавета Алексеевна», 1795; «Малика Мария Фёдоровна», 1799; «Мадам де Стал», 1808-09 ва ғ.). Аз Элизабет Виже-Лебрун 660 портрет ва 200 асари манзаравӣ мерос мондааст. Дар осораш зарофат, возеҳӣ ва содагӣ ба назар мерасад. Ӯ пас аз бозгашт ба ватан (1810) китоби «Хотироте аз зиндагии ман»-ро навишт (1835-37).
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Elisabeth Vigée-Le Brun (нидерл.)
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Elisabeth Louise Vigée-Lebrun (ингл.) — 2008.
- ↑ 4.0 4.1 http://arts-graphiques.louvre.fr/detail/artistes/1/2669-VIGEE-LEBRUN-Elisabeth
- ↑ 5.0 5.1 5.2 5.3 5.4 RKDartists (нидерл.)
- ↑ 6.0 6.1 Benezit Dictionary of Artists (ингл.) — OUP, 2006. — ISBN 978-0-19-977378-7
- ↑ KulturNav (ингл.) — 2016.
- ↑ https://www.grandpalais.fr/fr/article/qui-est-elisabeth-louise-vigee-le-brun
Адабиёт
вироиш- Виже-Лебрен Элизабет // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.