Эмин Сангинов
Эмин Сангинов (18 декабри 1961,деҳаи Каракчикум, ноҳияи Конибодом) - иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисод (1990).
Зиндагинома
вироишСангинов Эмин Нумонович 18 декабри соли 1961 дар деҳаи Каракчикуми ноҳияи Конибодом, дар оилаи хизматчи таваллуд шудааст. Солҳои 1968-1978 дар мактаби миёнаи №29-и деҳаи номбурда таълиму тарбия гирифтааст. Пас аз хатми мактаб дар ОКТ-18-и шаҳри Конибодом таҳсилро давом дода, солҳои 1979-1980 дар заводи «Тоҷикагрегат»-и шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 1980-1985 дар Донишкадаи Давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, факултаи иктисоди таҳсили худро давом дод. Баъд аз хатми Донишгоҳи зикршуда, дар Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон фаъолияти педагогии худро, ҳамчун ассистенти кафедраи иктисоди сиёсии факултаҳои иктисоди огоз намуд.
Солҳои 1987-1990 дар факултаи иктисодии ДДМ ба номи М.В.Ломоносов аспирантураро хатм намуда, унвони илмии – Номзади Илмҳои Иктисодиро гирифтааст. Солҳои 1990-1993 дар ДДТ ба номи В.И.Ленин ҳамчун муаллими калони кафедраи иктисоди сиёсии факултаҳои иктисоди, солҳои 1993-1995 ҷонишини директори институти илми-тадкикотии кор оид ба масъалаҳои илми ва солҳои 1995-1997 ҳамчун сардори идораи шугли аҳолии Вазорати кор ва шугли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1997 то 5 январи 2004 дар Дастгохи ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассиси пешбар, сармутахассис, евари рохбари дастгох, мудири котиботи гурӯҳи кории президенти оид ба такмил додани системаи идоракунии давлати ва мудири маркази хамоҳангсозии кумакҳои беруна шуда фаъолияти кори дошт. Аз 5 январи соли 2004 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Рахмонов ба вазифаи ичрокунандаи Раиси шаҳри Конибодом таъйин гардид. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2006 тахти раками 1 бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Раиси шаҳри Конибодом озод шуда, аз 23 ноябри соли 2006 боз дар Дастгохи ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи муовини мудири шуъбаи ислохоти иктисоди ва инвеститсия корро давом дод. Аз 3 апрели соли 2007 бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини вазири кор ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Сохаҳои таъминоти нафака, музди кор, бучети сугуртаи иҷтимоӣ ва муносибатҳои кориро сарпарасти менамояд.
Оиладор. Сохиби ду фарзанд. Миллаташ тоҷик. Аъзои ХХДТ аз соли 2003.