Эммонуил Муллоқандов
Эммонуил Муллоқандов (2 июни 1912, шаҳри Самарқанд — 18 августи 1977) —тарҷумон, нависандаи яҳудитабор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1957).
Таърихи таваллуд: | 2 июн 1912 |
---|---|
Зодгоҳ: | Самарқанд |
Таърихи даргузашт: | 18 август 1977 (65 сол) |
Навъи фаъолият: | тарҷумон, нависанда |
Зиндагинома
вироишЭммонуил Муллоқандов 2 июни соли 1912 дар шаҳри Самарқанд зода шудааст. Дар Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе таҳсил (нопурра) кардааст. Аз соли 1930 мусаҳҳеҳ, баъдан тарҷумони рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», мудири шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон будааст. Баъди таҳсил дар Маскав боз ба тарҷумонӣ пардохтааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, баъди ҷанг, аз соли 1945, тарҷумони адабии рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», мудири шӯъбаи тарҷумаи нашриёти давлатӣ, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи таърихи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон будааст. Зиёда аз сӣ асари адибони дунёро ба тоҷикӣ гардондааст.
Муаллифи чанд мақолаи пурарзиш дар бораи забони тарҷума ва маҳорати баргардониш мебошад, ки дар маҷмӯаи мақолаҳои ӯ «Забон дар тӯли замон» (1985) ба табъ расидаанд.
Аз соли 1957 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
18 августи соли 1977 аз олам даргузашт.
Осор
вироиш- «Каштанка»-и А. П. Чехов(1935)
- «Дар талоши ҳаёт»-и Ҷ. Лондон (1936)
- «Зодагони тӯфон»-и Н. Островский (1932)
- «Онҳо барои Ватан меҷангиданд»-и М. А. Шолохов (1949)
- «Ҳикояҳои Севастопол»-и Л. Н. Толстой (1952)
- «Рӯзе мерасад»-и М. Иброҳимов (1954)
- «Падарон ва фарзандон»-и И.Тургенев (1962)
- «Хонум Бовари»-и Г. Флобер(1967)
- «Таърихи як шаҳр»-и М. Салтиков-Щедрин (1974)
- «Соати регӣ»-и В. Каверин(1975)… ва ғ. аз он ҷумлаанд.
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- «Сад яҳудии маъруфи Тоҷикистон» Бойгонӣ шудааст 17 августи 2017 сол.
Сарчашма
вироиш- Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе: «Адиб», 2014. — С. 139 ISBN 978-99947-2-379-9