Эраҷи Деҳқон
Эраҷи Деҳқон (форсӣ: ایرج دهقان; зод. 1925, Малойир, Устони Ҳамадон) — шоир ва ғазалсарои эронӣ[1][2].
Таърихи таваллуд: | 1925 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Навъи фаъолият: | шоир, ҳуқуқдон |
Зиндагинома
вироишЭраҷи Деҳқон дар шаҳри Малойир ба дунё омад ва дар ҳамон шаҳр таҳсилоти давраи ибтидои худро гузаронд. Даврони дабиристони худро дар шаҳри Ҳамадон гузаронд. Ва то соли 1324 низ ба унвони дабир дар дабиристон машғул ба кор буд, сипас ба Теҳрон омад ва дар донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳрон ба таҳсил пардохт. То инки ба даъват давлати Амрико барои тадриси забону адабиёт форсӣ ба ин кишвар рафт.
Эҷод
вироишАз нахустин ва маъруфтарин осори вай метавон ба ғазали бо матлаъи «Шикаст аҳди ману гуфт ҳарчи буд гузашт, Ба гиря гуфтамаш оре вале чӣ зуд гузашт» ишора кард. Ин шеър тавассути хонандаи машҳури Афғонистон Аҳмад Зоҳир низ хонда шудааст[3]. Ҳамчунин шеъре ба номи «Ширинҷон» бо садои Ҳойида аз ин шоир хонда шудааст[4]. «Гулҳои ваҳшӣ» (Теҳрон, 1325) ва «Ёдбуд» (Теҳрон, 1330) намунаҳои дигаре аз шеърҳои вай ҳастанд.
Осор
вироиш- Маҷмӯъаи шеъри «Пулҳои шикаста»[5]
- Дастури забони форсӣ
- Иншо ва нигориш барои дабиристонҳо
- Шеъри форсӣ дар қарни нуҳум
- Баҳорияҳо
Эзоҳ
вироиш- ↑ ایرج دهقان. rasekhoon.net. 14 ноябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ Sajjādī, ʻAbd al-Ḥamīd Ḥayrat (1996). شاعران كرد پارسى گوى (in форсӣ). Nashr-i Iḥsān. ISBN 978-964-5956-04-0.
- ↑ اشعار آهنگ های احمد ظاهر(форсӣ). کتابخانه الکترونیکی امین. 14 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 апрели 2023.
- ↑ ایرج دهقان. Discogs. 14 ноябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ امین پیرانی. اشعار ایرج دهقان(форсӣ). ادبستان شعر پارسی (1 Декабри 2011). 14 ноябри 2022 санҷида шуд.