Эркин Раҳматуллоев
Эркин Раҳматуллоев (10 май,1953 Исфара) — сиёсатмадор, дипломат, собиқ мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ.
Эркин Раҳматуллоев | |
Таърихи таваллуд | 10 май 1953 |
Зодгоҳ | Исфара |
Пеша | сиёсатмадор, сафир |
Ҷоизаҳо |
ордени «Шараф», дараҷаи 1 |
Зиндагинома
вироишСоли 1974 шуъбаи англисӣ-арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти кориашро аз соли 1974 оғоз менамояд ва то соли 1976 ҳамчун муаллими мактаби миёна кор мекунад. Соли 1977 ба сифати тарҷумони гурӯҳи мутахассисон, тарҷумон-мушовири шуъбаи иқтисоди Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии арабии Миср фаъолият менамояд. Солҳои 1980—1986 чун корманди масъули дастгоҳи Шӯрои вазирони Тоҷикистон кор карда, аз соли 1986 то 1990 ҳамчун мушовири асосии (муовини вазир) Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Соли 1988 курси такмилии Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравиро хатм мекунад. Солҳои 1990—1992 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва аз соли 1992 то соли 2001 муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд. 14 августи соли 2001 мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ таъйин гардид ва дар ин вазифа кор карда истодааст. Донандаи забонҳои англисӣ, арабӣ, русӣ, форсӣ ва ӯзбекӣ аст. Соҳиби дараҷаи дипломатии Сафири фавқулодда ва мухтор аст.
Ҷоизаҳо
вироишДорандаи ордени «Шараф» дараҷаи 1 ва як қатор орденҳову мукофотҳои давлативу хориҷӣ аст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Эркин Раҳматуллоев(пайванди дастнорас)