Эъзомияи Искандаркӯл

Эъзомияи Искандаркӯл — амалиёти забткоронаи Ҳукумати подшоҳии Русия барои ба тобеъияти хеш даровардани мулкҳои болооби Зарафшон, ё худ Кӯҳистон дар соли 1870.

Мулкҳои болооби Зарафшон вироиш

Баробари ба ихтиёри Русия гузаштани Самарқанд масъалаи забт намудани мулкҳои болооби Зарафшон, ё худ Кӯҳистон: Фалғар, Мастчоҳ, Фон, Киштут ва Моғиён, ки мулкҳои ниммустақил (аз аморати Бухоро) буданд, низ ба миён омад. Ҳукумати подшоҳӣ аз ҳисоби Самарқанд, Каттакӯрғон ва дигар мулкҳои Зарафшонии аморати Бухоро забт намудааш музофоти Зарафшонро бунёд намуда, генерал А. К. Абрамовро сарвари он таъйин намуд. Яке аз мақсадҳои асосии Абрамов ин тобеи худ гардонидани мулкҳои номбурдаи Кӯҳистон буд. Мардуми он мулкҳо гарчанде ҳама тоҷиканд, вале ҳокимони онҳо байни худ доимо меҷангиданд ва қувваи мудофиавии Кӯҳистонро хеле заиф гардонидаанд. Пӯшида набуд, ки чунин ҳолати ин диёр муваффақияти қӯшунҳои русро осон мегардонид.

Мақсади Русия вироиш

Генерали рус Абрамов намехост, ки кӯшиши ӯ барои забту таслими мулкҳои болооби Зарафшон чун походи ҳарбӣ ном бурда шавад. Бо ҳамин мақсад вай зурур шуморид, ки амалиёти ҳарбиро бо «эъзомияи илмӣ» рӯпӯш намояд. Зеро он вақт марказҳои илмию ҷугрофии Русия барои омӯзиши табиату набототи Осиёи Миёна рағбати зиёд пайдо карда буданд. Дар натиҷа баҳори соли 1870 бо сарварии генерал Абрамов зъзомияи Искандаркӯл ташкил карда шуд. Ба ҳайатии эъзомияи номбуда 200 нафар казакҳои мусаллаҳ, ротаи пиёдагард ва взводи пулемётчиҳои кӯҳгард дохил мешуданд. Боз аз Ӯротеппа дастаи дигари ҳарбиёни мусаллаҳ таҳти фармондеҳии Деннет ҳаракат карда, дар роҳ ба дастаи Абрамов пайвастанд.

Забткорӣ вироиш

Сафари эъзомия 25 апрели соли 1870 аз Самарқанд сар шуд. Моҳи август шаҳри Панҷакент бе муҳорибаи ҷидӣ ба ихтиёри қӯшунҳои рус гузашт. Вале дар деҳаи Артуч, Панҷруд, Даштӣ, Кулолӣ, Фалгар, Мастчоҳ ва ғайра ҷангҳои шадид ба амал омадааст. Дар ин амалиёт бисёр деҳаҳоро бо хукми Абрамов ба хок яксон намудаанд. Моҳи июни соли 1870 эъзомия амалиёти ҳарбии худро ба охир расонид. Аз ҳисоби мулкҳои ниммустақили кӯҳистонии болооби Зарафшон «Туманҳои Кӯҳистонӣ» ташкип ёфт ва он ба музофоти Зарафшон ҳамроҳ карда шуд. Дар Эъзомияи Искандаркӯл як қатор олимон: табиатшинос А. Ф. Федченко, геолог Д. К. Мишенко, нақшбардор (баъдтар арбоби намоёни ҳарбию сиёсӣ) Л. Н. Соболев ва дигарон дохил буданд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш

  • Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик (аз солҳои 60-уми асри XIX то соли 1924). — Душанбе, 2007, с.23
  • Одинаев, А. Н. "Дневник Искандеркульской экспедиции" Абдурахмона Мустаджира - как источник по истории верховьев Заравшана второй половини ХIХ в / А. Н. Одинаев // Вестник Педагогического университета. – 2019. – № 2(79). – С. 284-291.
  • Одинаев, А. Н. Политическое положение верховьев Зеравшана и предпосылки Искандеркульской экспедиции / А. Н. Одинаев // Вестник Педагогического университета. – 2015. – № 6-1(67). – С. 250-256.