Юнус Юсупов (Юсупов Юнус Ҳомиҷонович; 9 августи 1949, Ҳисор) — ҳунарпеша ва коргардони синамо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2001), дорандаи ҷоизаҳои кинофестивалҳои умумиитифоқӣ. Узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон ва СССР (1980)[1].

Юнус Юсупов
Юсупов Юнус Ҳомиҷонович
Таърихи таваллуд: 9 август 1949(1949-08-09) (75 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: коргардони филм, ҳунарпешаи синамо
Корнома: 1974 — то ҳол
Ҷоизаҳо: Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
IMDb: ID 0951162

Зиндагинома

вироиш

Юнус Юсупов соли 1949 дар хонадони ҷарроҳ Ҳомидҷон Юсуфӣ ба дунё омадааст. Соли 1966 мактаби миёна ва соли 1970 техникуми политехникии шаҳри Душанберо бо ихтисоси техник-механик хатм кардааст. Соли 1975 факултети актёри Институти 7 умумииттифоқии давлатии киноматографияи шаҳри Маскав ва соли 1977 факултети кинорежиссёрии ИУДК-ро хатм намудааст.

Корнома

вироиш

Фаъолияти Юнус Юсупов чун коргардон ва ҳунарпеша аз соли 1977 оғоз ёфтааст. Юсупов дар 23 филмҳои бадеию телевизионӣ, аз ҷумла дар 19 филми истеҳсоли «Тоҷикфилм» ва 4 филми хориҷӣ нақш офаридааст, аз ҷумла, дар филмҳои хориҷии «Вохўрии охирин» (Акчурин), истеҳсоли киностудияи ба номи М. Горкии ФР (1974), «Муҳаббат ва ғазаб» (Тўрақулов), «Сутескофилм» (Югославия) ва «Ўзбекфилм» (1978), «Тақсимкунии олам» (Иброҳим), Сурия (1991) ва «Захираи тиллоӣ» (Зокир), НТВ, Россия, дар маҷмўъ 50 нақш офаридааст. Юсупов дар 21 филми телевезионию бадеӣ режиссёрӣ кардааст, ки 3-тои он филмҳои истеҳсоли хориҷӣ мебошанд: «Гаравгон», Совэкспортфилм, Россия, соли 1983 (ба 52 мамлакат фурўхта шудааст); «Афъии сурх», 2 сериягӣ, Россия, солҳои 1989—1990; «Насиҳати Нуҳ пайғамбар», СурияТоҷикистон, соли 1990; « Ҳезумбур», «Ангарафилм», Россия 2000.

Ҷоизаву медалҳо

вироиш

Ҷоизаҳои ҳунарӣ

вироиш

Филмҳои офаридаи Юсупов сазовори ҷоизаҳои байналхалқӣ гардидаанд: «Ҷинояткор ва адвокат», барандаи ҷоизаи Ангара- фестивали умумииттифоқӣ дар шаҳри Хоруғ, ҶТ, соли 1980; «Гаравгон», барандаи ҷоизаи байналхалқӣ дар Тошканд (Ўзбекистон) соли 1983; «Номзад», барандаи ҷоизаи фестивали умуииттифоқӣ барои офаридани беҳтарин нақши мард, Душанбе, соли 1988; «Зистан мехоҳам», барандаи ҷоизаи фестивали байналхалқӣ, Остона (Қазоқистон), соли 2007; «Одами барфӣ», дипломи телефоруми евросиёгӣ (барои маҳорати баланди режиссёрӣ), Маскав, соли 2011.

Медалҳо

вироиш

Юнус Юсупов бо медали «Барои меҳнати шоён»-и Русия ва дигар ҷавоизи байналмилалӣ қадр шудааст.