Юрий Власов
Ю́рий Петро́вич Вла́сов (5 декабр 1935[1][2], Макиивка[d], Вилояти Донетск[1][4][5] — 13 феврал 2021[3], Маскав) — вазнбардори рус, нависанда ва ходими ҷамъиятӣ; Устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС (1959).
| |
Иттилоъоти инфиродӣ | |
Ҷинс | мард |
Кишвар | |
Тахассус | вазнабардорӣ |
Зодрӯз | 5 декабр 1935[1][2] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 13 феврал 2021[3] (85 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Қад | 185 сантиметр |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Академияи ҳарбии ҳавоӣ ва муҳандисии ба номи Н. Е. Жуковский (1959). Чемпиони ҷаҳон (1959, 1961-63), Аврупо (1959-64), ИҶШС (1959-63) дар вазни сангин. Чемпиони Бозиҳои олимпии 1960: дар як рӯз дар навъи сеҳарба се бор рекорди ҷаҳонӣ гузошт (537,5 кг) ва унвони беҳтарин варзишгари Олимпиадаро ба даст овард. Барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпӣ (1964). Дар маҷмӯъ 29 рекорди ҷаҳонӣ гузоштааст (1957-67). Солҳои 1987-88 сарвари Федератсияи гимнастикаи варзишии ИҶШС буд.
Осори адабӣ
вироишОсори адабии Юрий Власов аслан ба мавзӯъҳои равоншиносии шахсият ва варзиш марбут аст. «Пирӯзӣ бар хештан» (1964), «Ноҳияи вижаи Чин» (1972), «Ҳақиқати неру» (1984) аз таълифоти маъруфи ӯянд.
Фаъолияти сиёсӣ
вироишДар охири солҳои 80 — миёнаҳои солҳои 90 садаи XX рӯ ба сиёсат овард.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Власов Юрий Петрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 2.0 2.1 Русская литература XX века. Прозаики, поэты, драматурги (рус.) / под ред. Н. Н. Скатов — 2005. — С. 398—401. — ISBN 5-94848-245-6
- ↑ 3.0 3.1 https://eadaily.com/ru/news/2021/02/13/umer-legendarnyy-sovetskiy-tyazheloatlet-yuriy-vlasov
- ↑ 4.0 4.1 Sports-Reference.com (ингл.)
- ↑ 5.0 5.1 World champion weightlifter Yuri Vlassov
Сарчашма
вироиш- Власов Юрий Петрович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.