Юрий Соловей
Соловей Юрий Георгиевич (26 апрели 1913, Актюбинск — ?) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1973).
Соловей Юрий | |
Таърихи таваллуд: | 26 апрел 1913 (111 сол) |
Касб: | ҳунарпеша |
Зиндагинома
вироишСоли 1934 Институти давлатии санъати театрии ш. Маскавро ба поин оварда, дар Театри драмаи Ҷумҳурии мухтори Корелияи Русия фаъолият намудааст. Аз соли 1958 актёри Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ш. Чкаловск буд, муддате ба сифати директори он кор кардааст. Давоми қариб сӣ сол дар саҳнаи он аз осори классикони ҷаҳон, драматургони муосири русу тоҷик образҳои зиёд офарида, хислату характери қаҳрамононашро табий кушодааст. «Зани дурӯғгӯи ман», «Пеппи — ҷӯроби дароз», «Истгоҳи охирин», «Баъди омадани корвон», «Писари калонӣ», «Охирин», «Беша», «Нарасида», «Гунаҳгорони бегуноҳ», «Оилаи ҷинояткор», «Рақси сафед», «Офати табиӣ» аз ҷумла чунин намоишномаҳоанд. Як идда намоишномаҳоро рӯи саҳна овардааст.
Ҷоизаҳо
вироишБо медали «Барои меҳнати шоён» қадр ёфтааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.