Ян Госсарт
Ян Госсарт (ҳол. Jan Gossaert, лақабаш Ян Мабюз ҳол. Jan Mabuse; 1478[1], Мубюж[d] — 1 октябр 1532, Онтверп[d], Дӯкнишини Бробонт[d] ё Бредо[d], Дӯкнишини Бробонт[d][2]) — мусаввири нидерландӣ.
фр. Gossart | |
![]() | |
Таърихи таваллуд | 1478[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 1 октябр 1532 |
Маҳалли даргузашт | |
Мамлакат: | |
Жанр | Эҳёи Шимолӣ[d] |
![]() |
ЗиндагиномаВироиш
Дар Брюге таҳсил ва дар Антверпен, Мидделбург, Утрехт кор кардааст. Мусофират ба Итолиё (1508-09) ва ошноӣ бо ҳунари антиқию осори Рафаэл ва Микеланҷело ба сабку мавзӯи эҷодиёти ӯ таъсири бузург гузошт. Ян Госсарт асосгузори романизм — ҷараён дар санъати тасвирии шимоли Нидерландия мебошад, ки ба мавзӯъву усулҳои давраи Эҳёи итолиёӣ: рӯ овардан ба асотири антиқӣ, тасвири урёни худоёни бутпараст, заминаҳои меъмории қадимӣ дар композитсияҳои мазҳабӣ майл дошт. Осори ӯ: портрети Бибӣ Марям Лувен (1516), «Нептун ва Амфитрит» (1516).
ЭзоҳВироиш
- ↑ 1.0 1.1 RKDartists (нидерл.)
- ↑ 2.0 2.1 Encyclopædia Universalis (фр.) — Encyclopædia Britannica.
СарчашмаВироиш
- Госсарт Ян // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.