Ярослав Врхлиский
Ярослав Врхли́ский (чехӣ: Jaroslav Vrchlický — тахаллус; ному насаби аслиаш Эмил Фрида, чехӣ: Emil Frida; 17 феврал 1853, Лоуни — 9 сентябри 1912, Домажлисе) — шоир, дроманавис, тарҷумони чех, сарвари ба ном мактаби «космополитӣ» дар адабиёти чехӣ.
Ном ба ҳангоми таваллуд: | чехӣ: Emil Jakub Frida |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 17 феврал 1853[1][2][3][…] ё 18 феврал 1853[4] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 9 сентябр 1912[1][3][5][…] (59 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | фаронсавӣ[5], итолиёӣ[5], испониёӣ[5], олмонӣ[5], полякӣ[5], забони маҷорӣ[5], Забони норвегӣ[5], чехӣ[8][5] ва инглисӣ[5] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Зиндаинома
вироишДонишгоҳи Прагаро хатм кардааст. Аз соли 1893 профессор адабиёти ҳамин донишгоҳ. Ярослав Врхлицкий ба Итолиё ва дигар кишварҳои Аврупо сафар карда, адабиёти он кишварҳоро меомӯхт ва чун донандаи адабиёти ҷаҳонӣ шинохта шуд. Ӯ чун мутахассис — донандаи адабиёти ҷаҳон унвони доктор гирифта буд. Муаллифи тақр. 100 ҷилд асар. Беҳтарин асарҳои В. дар маҷмӯаи «Манзумаҳои рустоӣ» (1885) ба чоп расидаанд, ки асосан ба муборизаи озодихоҳонаи заҳматкашони чех дар асрҳои 17-18 бахшида шудаанд. Дар ашъораш зиндагӣ, табиат, ишқу муҳаббатро васф намудааст. Ба забони чехӣ асарҳои Данте, Т. Тассо, Л. Ариосто, Ҷ. Байрон, Ф. Шиллер, И. В. Гёте, Ш. Петефиро тарҷума кардааст. В. ба адабиёти форс-тоҷик ва навъҳои шеъри он таваҷҷуҳи хосса дошт. Бар асари илҳом аз шеъри форс-тоҷик вай 115 ғазал эҷод кардааст. Ҳамроҳ бо эроншинос Яромир Кошут маҷмӯае бо номи «Аз девони Ҳофиз» (1881) ба чоп омода намуд, ки ба он 66 ғазал, 14 қитъа, 53 рубоӣ ва порчаҳо аз «Соқинома» ва «Муғаннинома» дохил шудаанд. Ашъори Ҳофиз ба эҷодиёти В. таъсир гузоштааст. Ӯ дар пайравии Ҳофиз чанд шеър гуфтааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ записи гражданского статуса
- ↑ 3.0 3.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Wurzbach D. C. v. Vrchlický, Jaroslav (нем.) // Biographisches Lexikon des Kaiserthums Oesterreich: enthaltend die Lebensskizzen der denkwürdigen Personen, welche seit 1750 in den österreichischen Kronländern geboren wurden oder darin gelebt und gewirkt haben — Wien: 1856. — Vol. 52. — S. 2.
- ↑ 5.00 5.01 5.02 5.03 5.04 5.05 5.06 5.07 5.08 5.09 5.10 5.11 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ 6.0 6.1 Архив изобразительного искусства — 2003.
- ↑ 7.0 7.1 Česká divadelní encyklopedie
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
вироиш- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- Большая советская энциклопедия. Т. 4. М., 1971.
Сарчашма
вироиш- Ярослав Врхлитский // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.