Яшт
(Тағйири масир аз Яштҳо)
«Яштҳо» («Йаштҳо») — севумин бахши Авестои кунунист, ки 21 яштро дар бар мегирад.
Маъно
вироиш«Яшт» — дар Авесто яшти ҳамреша ва ҳаммаънои «Йасна» («Ясна») (ситоишу ниёишу парастиш) ва «Яштар» аз ҳамин модда ба маънии намозгузору ниёишгару парастанда аст ва вожаи «ҷашн»-ро дар форсӣ аз ҳамин бунёд дорем. Тафовути «Яшт» бо «Ясна» ин аст, ки «Ясна» ба маънии ситоишу ниёиш ба мафҳуми омм ва «Яшт» ба маънии ситоишу ниёиши вижаи офаридгору менувиён (Амшоспандону изадон) аст ва 21 Яшти Авесто ҳар кадом ба яке аз инон ихтисос дорад.