Ғазал (маъноҳо)
Ғазал (маъноҳо) — (форсӣ: غزل)
1. Ғазал — Аз анвои маъмули шеърӣ.
2. Ғазал — Дар истилоҳи аҳли мусиқӣ аз навъи хоси тасниф (суруд) ё тарона (дар мусиқии устодонаи ҳавзаи иҷроии Ҳинд «Ғазал» - аз анвои маъмули шеърию мусиқӣ, ки ихтирои онро ба Амир Хусрави Деҳлавӣ 1253—1325 нисбат медиҳанд) аст.
Абдуқодири Мароғӣ (1356—1435) дар иртибот ба махсусиёти жанрии «Ғазал» навишта: "бибояд донист, ки аъза-му ашкали тасониф навбати мураттаб аст ва қуда-мо онро чаҳор қитъа сохтаанд: қитъаи аввалро «қавл гӯянд ва он бар шеъри арабӣ бошад; қитъаи сониро „ғазал“ ва он ба абёти порсӣ бувад; қитъаи солисро „тарона“ ва он бар баҳри рубоӣ бошад; қитъаи робеъро „фурӯдошт“ ва он „қавл“ бошад».
Зимни ин Қайси Розӣ махсусиёти шеърию мусиқии « Ғазал»-ро эзоҳи мушаххасе дода: «ва ба ҳукми он ки арбоби саноъати мусиқӣ бар ин вазн алҳони шариф сохтаанд ва тариқи лашкар таъ-лиф карда ва одат чунон рафтааст, ки ҳар чи аз он ҷинс бар абёти тозӣ созанд, онро „қавл“ хо-нанд ва ҳар чӣ бар муқатаъоти порсӣ бошад, онро „ғазал“ хонанд. Аҳли дониш ин малҳунотро „та-рона“ номанд ва шеъри муҷарради онро „ду-байтӣ“ хонанд ва барои он ки бинои он бар ду байт беш нест, мутаърабаи онро „рубоӣ“ хонанд, аз баҳри он ки баҳри ҳазаҷ дар ашъори араб мураббаъ-ал-аҷзо омадааст…»
Донишманди эронӣ Маликушшуаро Баҳор низ дар тавзеҳи «ғ.» чун ҷинси маъмули шеърию мусиқӣ нуктаи ҷолибе баён намуда: «чома, ки аъроб онро „ғазал“ ё „қавл“ ва „ғазал“ гӯянд, таснифе аст ошиқона, ашъораш бинобар маъмулу дувоздаҳ ҳиҷоӣ буда ва оҳанги он низ вазни нисбатан сабӯк дошта…»
- Сароянда ин ғазал соз кард,
- Дафу чангу найро ҳамовоз кард.
(Фирдавсӣ)
- Забӯри ишқнавозӣ на кори ҳар мурғест,
- Биёу навгули ин булбули ғазалхон бош.
(Ҳофиз)
3. Ғазал бардоштан. Бо овози мавзун хондани суруд, тарона ва дигар анвои овозии мусиқӣ:
- Ғазабардошта ромишгари руд,
- Ки бадруд эй нишоту айшу бадруд.
(Низомӣ)
4. Ғазалхон. Ромишгаре, ки ғазал хонад бо ҳамовозии созҳо, сарояндаи ғазал:
- Ки на танҳо манам рабӯда ишқ,
- Ҳар гуле булбуле ғазалхон дошт.
(Саъдӣ)
5. Ғазалгӯй. Он ки ғазал гӯяд, ғазалхону ғазалсаро, ғазалпардозро гӯянд (киноя ба ромишгарони ҳирфаист).
Адабиёт
вироишҚайси Розӣ, Ал-мӯъҷам…, Теҳрон, 1373; Абдулқодири Мароғӣ, Мақосиду-л-алҳон, Теҳрон, 1356; Таҷлил Ҷ. Арӯз, Теҳрон, 1368; Аббос Моҳёр, Арӯзи форсӣ, Теҳрон, 1376; Низомӣ, Куллиёт, Теҳрон, 1374; Саъдӣ, Куллиёт, Теҳрон, 1366; Ҳофиз, Девон, Теҳрон, 1370; Фирдавсӣ, Шоҳнома, Душ., 1964-66; Анҷуманорои Носирӣ, Теҳрон, 1294; Фарҳанги Деҳхудо, Теҳрон, 1377; Фарҳангномаи мусиқии Эрон, Теҳрон, 1376.[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 53 ISBN 978-99947-49-13-3