Ғазанфари Гуҷаротӣ
Ғазанфари Гуҷаротӣ (форсӣ: غضنفر گجراتى; қарни XVII) — шоири форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
вироишАз содоти Аҳмадободи Гуҷарот. Илмҳои расмии замонро дар Аҳмадободи Гуҷарот фаро гирифта, дар айёми ҷавонӣ ба Эрону Мовароуннаҳр низ сафар кардааст. Дар замони Ҷаҳонгир (1627−1656) ба мансабҳои бузурги давлатӣ расид, дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ фаъол буд. Ҷаҳонгир ҳангоми дар Аҳмадобод буданаш ҷогире (ҷое, ки дар подоши хидмат инъом мегардад) ба ӯ бахшид. Дар ашъораш бархе шоирони рақиб, мансабдорон (кутволи Аҳмадобод)-ро ҳаҷву масхара кардааст. Нусхае аз девони Ғазанфари Гуҷаротӣ дар китобхонаи Донишгоҳи Мадрас маҳфуз аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ғазанфари Гуҷаротӣ / З. Ғаффорова // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Marshall D. N. Mughals in India. A Bio-Bibliographical survey of manuscripts. London and New York, 1985, P. 152.