Ғазолии Балхӣ
Амир Ислом Ғазолии Балхӣ (форсӣ: امیر اسلام غزالی بلخی[1]; ? — қарни XVI) — шоир ва пизишки форс-тоҷик, аз наводагони Муҳаммади Ғазолӣ.
Зиндагинома
вироишДар Балх улуми мутадовилаи даврро омӯхтааст. Аз илмҳои тиб ва ҳикмат огоҳии комил дошт. Назди бузургони давр, ҳокимони кишвар соҳиби обрӯву эътибор буд. Дар васфи яке аз ҳукмронон — Мирзо Алоуддавла қасидае, дар пайравии қасидаи Анварӣ, ки бо мисраи «Чун муроди хешро бо мулки вай кардам қиёс» шурӯъ мешавад, нигошта буд. Байти зер аз қасидаи Ғазолии Балхӣ аст:
Шоҳи пуриҷлолро бе мулки Вай набвад либос,
Мулки иҷлол аз ҷалоли Ӯ кунад маъд илтимос.
Эзоҳ
вироиш- ↑ امیر اسلام غزالی بلخی. rasekhoon.net. 8 май 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Ғазолии Балхӣ // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.