Ғазолии Марвазӣ (форсӣ: غزالی مروزی‎) — шоири форс-тоҷики қарни XII.

Ғазолии Марвазӣ

Зиндагинома вироиш

Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Аз шоирони Хуросони замони Салҷуқиён будааст. Табъи латиф, ғазалҳои дилнишин доштааст. Аз девонаш иттилоъ нест. Ин ғазал аз ўст:

Ишқи ту маро балову шар дорад,
Дар ишқи ту ҷон куҷо хатар дорад,
Ҳаҷри ту ба куштани мани мискин,
Ҳар рӯз баҳонае дигар дорад.
Аз суҳбати ту куҷо бипарҳезад,
Он кас, ки зи дарди ҷон хабар дорад.
Андар ғами ту Ғазолии ошиқ,
Ҳаққо, ки зи ҷон-т дӯсттар дорад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш