Ғайратии Шерозӣ
Мавлоно Шарафуддин Ғайратии Шерозӣ (форсӣ: مولانا شرفالدین غیرتی شیرازی[1]; ? — қарни XVI) — шоири форс-тоҷик ва аз муридони Мавлоно Замирии Исфаҳонӣ.
Зиндагинома
вироишМаълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш — Шероз гирифтааст. Дар айёми ҷавонӣ ба Қазвин рафта, дар шоирӣ шуҳратёр мегардад. Аз муридони Мавлоно Замирии Исфаҳонӣ буд. Авҳадӣ дар маҳфилҳои шеъру адаб, ки дар манзили Мир Маҳмуди Тарҳӣ баргузор мешуд, ӯро дар қатори Урфии Шерозӣ, Муҳташами Кошӣ, Ваҳшии Бофқӣ, Шуҷоъ, Орифи Лоҳиҷӣ ва дигарон дидааст. Мувофиқи маълумоти Авҳадӣ Ғайратии Шерозӣ «аз зубдаи шуарои замон ва умдаи булағои даврон» будааст, дар ғазалсароӣ ва қасидагӯӣ камоли салосату балоғат доштааст. Дар замони Акбар (1542−1605) ба Лоҳур рафта, 4 сол дар он ҷо зиндагӣ кардааст. Соҳибони «Оини Акбарӣ», «Табақоти Акбарӣ», «Мунтахабу-т-таворих» ӯро дар шумори шоирони баландфитрат ва соҳибтабъи дарбори Акбар зикр кардаанд. Аз Ҳинд ба Шероз баргашта, дар ҳамон ҷо вафот кардааст. Девони ашъораш иборат аз 6−7 ҳазор байт будааст, ки то замони мо нарасидааст.
Намунаҳо аз осори Ғайратии Шерозӣ.:
Эй номаи меҳри ту сардафтари унвонҳо,
Таърифи ҷамоли ту зебандаи девонҳо.
Девона диле дорам, к-аз кӯи ҷунун ҳаргиз
Нанҳода қадам берун тай карда биёбонҳо.
Эзоҳ
вироиш- ↑ مولانا شرفالدین غیرتی شیرازی. ویستا. 7 май 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Ғайратии Шерозӣ / З. Ғаффорова // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.