Ғамангез
Ғамангез («Дарғам»). 1. Суруд, оҳанги мавсимӣ, маросимӣ, ки дар замони Сосониён (222-651) тасниф шудааст.
2. «Дарғам» - Аз силсилалаҳнҳои тақвимии Борбади Марвазӣ (598-99-628-38), мансуб ба шохаи дуввуми «Хусравонӣ»-и ӯст.
3. «Дарғам» - Оҳанги махсуси маросимӣ, ки назди мардумони Бухорою Самарқанд (бо номҳои «Гиря», «Фиғон», «Мӯя», «Дарғам» истифодашаванда) ва дар маросимҳои ёдбуди паҳлавонон, ёру дӯстонашон иҷро мена-мудаанд.
4. «Дарғам» - Гӯшаи тавсифӣ, ниёишӣ дар таркиби мақоми «Ироқ» («Дувоздаҳмақом», ас.12-13). 5. Шуъбаи овозии таркибан хурд дар мақоми «Бузург» («Дувоздаҳмақом», ас. 13-14). 6. Гӯша, шохаи хурди тараннумӣ, ки ромишварон дар ҷараёни иҷрои таркиботи таҳрирӣ («Бузург – «Дувоз-даҳмақом», ас.15) истифода менамудаанд. 7. Гӯшаи мусиқӣ дар таркиботи «Ҳафт дастгоҳ» (эронӣ). Аз мавҷудияти «Ғ.» ба сифати гӯша, шуъба дар таркиботи мақомҳо дар давраҳои баъдӣ (а.16-19) хотирнишон нашудааст.
Адабиёт
вироишАнҷуманорои Носирӣ, Теҳрон, 1294; Баҳо-ри Аҷам, Деҳлӣ, 1284; Фарҳанги Ананд Роҷ, Лакҳнав, 1892; Фарҳанги Рашидӣ, Теҳрон, 1963; Фарҳанги форсӣ, Теҳрон, 1963; Фарҳанги Амид, Теҳрон, 1966; Фарҳанги Деҳхудо, Теҳрон , 1377; Энсиклопедияи ада-биёт ва санъати тоҷик, ҷ.3, Душ., 2004.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 54 ISBN 978-99947-49-13-3