Ғанимати Панҷобӣ
Мавлоно Муҳаммадакрами Ғанимат (форсӣ: مولانا محمد اکرم غنیمت), машҳур ба Ғанимати Панҷобӣ (форсӣ: غنیمت پنجابی; байни солҳои 1620-30, деҳаи Кунҷоҳи музофоти Панҷоб — 1699 ҳамон ҷо) — шоири форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
вироишАз зодгоҳаш барои таҳсили илм ба Лоҳур сафар карда, дар ҳамин шаҳр сокин ва ба кори эҷодӣ машғул шуд. Дар тазкираҳои Биндробан Доси Хушгӯ, Муҳаммадафзали Сархуш, Мир Ғуломалихони Озоди Балгиромӣ, Мир Ҳусайндӯсти Санбҳалӣ, Ҳусайнқулихони Азимободӣ, Абдулғанихон Ғании Муфарраҳободӣ, Волаи Доғистонӣ ва дигарон Ғанимати Панҷобӣ аз ҷумлаи шоирони тавонои давр тавсиф шудааст.
Аз Ғанимати Панҷобӣ девоне, ки дар он ашъори дар навъҳои гуногунни адабӣ, махсусан, ғазалу рубоӣ сурудааш ҷойгиранд, инчунин маснавии «Найранги ишқ» ба мерос мондаанд. Нусхаҳои дастнависи онҳо дар китобхонаҳои Ҳиндустон, Покистон, Эрон, китобхонаи Музейи Британияи Кабир нигоҳ дошта мешаванд. Як нусхаи дастнависи Ғанимати Панҷобӣ таҳти № 563 дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ИЗАШМХ АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст. Дар ашъораш мавзӯъҳои ишқи аслӣ ва маҷозӣ, панду андарз, масъалаҳои тарбияи шахс ва Ғанимати Панҷобӣ матраҳ гардидаанд. Шеърияти навиштаҳои Ғанимати Панҷобӣ баланд аст. Ӯ санъатҳои бадеиро бо маҳорати баланд ба кор бурдааст.
Абёти зер намунаи шеъри ӯст:
Бе ҷамолат, ай чароғафрӯзи улфатхонаҳо,
Нури шамъ омад ғубори хотири парвонаҳо.
Шаб, ки бар дилҳои муштоқон гузаштам, хун шудам,
Захми сӯзон буд шамъи базми ин кошонаҳо.
Дар таҳи по бӯриё дорем аз чини ҷабин,
Шуд сари зуҳҳод азбас фарш дар майхонаҳо.
Боз Маҷнуни кӣ, ё Раб, гарми шавқи ваҳшат аст?
Оҳ мехезад ба ҷойи гард аз ин вайронаҳо.
Шаб, ки базморои мо ваҳшинигоҳе будааст,
Гардиши чашми ғазолон дидам аз паймонаҳо.
Чашми он дорем мо, к-аз файзи борони сиришк
Сабз гардад донаи занҷири ин девонаҳо.
Шуд, Ғанимат, ҳарфи носеҳ ғорати ороми ман,
Об мегардад ба чашмам хоб аз ин афсонаҳо.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ғанимат / С. Акрамов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.