Ғанӣ Ҷӯразода (9 январи 1936, ҷамоати Пӯлодон, ноҳияи Конибодом — 28 феврали 2021, Душанбе, Тоҷикистон) — шоир, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик.

Ғанӣ Ҷӯразода

Зиндагинома

вироиш

Ғанӣ Ҷӯразода 9 январи соли 1936 дар маҳаллаи Мирамони ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодоми вилояти Ленинобод ба дунё омадааст[1]. Баъд аз хатми мактаби миёнаи № 25 (1956) таҳсилро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома додааст. Пас аз хатми донишгоҳ, солҳои 1961—1993, дар рӯзномаҳои «Комсомолии Тоҷикистон», «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон» дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

Солҳои 1993—2006 тарҷумон-муҳаррири Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Нахустин шеъру ҳикояҳояш солҳои 1955—1957 ба табъ расидаанд. Асарҳояш ба забонҳои русӣ, узбакӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд.

Китоби ҳикоя ва қиссаҳояш «Кулоҳи падар» (1988), «Захми дил» (2000), «Қисмат» (2000), «Ҳушёраки ман, ту куҷоӣ?» (2004), «Афсонаи модаркалонам» (2005), «Бозгашти хотира» (2005), «Очаҷон, аз ман маранҷ!» (2006), «Рахсеб» (2008), «Шишаи бишкаста» (2013), «Панди бобо» (2014) ва китоби публитсистикаи ӯ «Қатраҳо дарё шаванд» (2001) аз ҷониби нашрияҳои гуногун ба чоп расидаанд.

Асарҳои алоҳидаи адибони маъруф Р. Такур, Н.Носов, Н.Тихонов, Б.Житков, В.Катаев, Л.Маҳмудов ва дигаронро ба забони тоҷикӣ гардонидааст.

Даргузашт

вироиш

Ғанӣ Ҷӯразода 28 феврали 2021 дар синни 85-солагӣ баъди беморӣ дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе даргузашт[2].

Ҷоизаҳо

вироиш

Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, дорандаи медали «Ветерани меҳнат», Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва дигар мукофотҳост.

Аз соли 1962 узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

  1. Ғанӣ Ҷӯразода кист? (3 май 2019). 9 Январ 2023 санҷида шуд.
  2. Ғанӣ Ҷӯразода- адиби маъруф дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт. old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (1 марти 2021). 9 Январ 2023 санҷида шуд.