Ғараз (ар. غرض‎ — ҳадаф, мақсад, ирода) — дар илми ахлоқ қасд, ирода ва нияти нопок доштан нисбат ба касе, ба суди худу ба зиёни дигаре кореро анҷом додан аст.

Ғараз ду навъ дорад:

  • ҷалӣ (ошкоро), ба мисли қасдона амалеро бар зарари дигарон анҷом додан;
  • хафӣ (пинҳонӣ), ба мисли кинварзӣ, бадбинӣ, бадхоҳӣ.

Беғараз ба маънои бекина ва бетамаъ, беғаразона бошад, холисона ва содиқона аст.

Дар адабиёт вироиш

Ғараз ба ин маъно дар адабиёти форс-тоҷик мавриди истифода қарор гирифтааст:

Ғаразҳо тира дорад дӯстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем?

Мавлавӣ

Беғараз панд ҳамчу қанд бувад,
Боғараз панд пойбанд бувад.

Саноӣ

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • دهخدا علي اكبر. لغتنامه. جلد ٢٣. تهران، ١٩٦٣؛
  • حسن عميد. فرهنگ عمید. جلد ٢. تهران، ١٣٨٩ ش.؛
  • محمد معين. فرهنك فارسي. جلد ٦. تهران،١٣٩٠ ش.

Сарчашма вироиш