Ғарибии Астарабодӣ

Мир Муҳаммадалӣ Ғарибии Астарабодӣ (? — қарни XV) — шоир, нависанда, хаттот, навозанда ва мусиқишиноси форс-тоҷик.

Ғарибии Астарабодӣ

Зиндагинома вироиш

Дар манбаъҳои адабӣ ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш наомадааст. Тазкиранависон, масалан, Алишер Навоӣ («Маҷолису-н-нафоис») аз ӯ чун шоири хуштабъу хушсухан ёд кардаанд. Дар навиштани хатти ғубор моҳир будаст. Ғарибӣ тахаллус карданаш аз ҳамин ҷост. Аксар созҳои мусиқӣ — уд, барбат, камонча, танӯр ва қонунро хуб менавохтааст. Абёти зер намунае аз шеъри ӯст:

Шаб, ки меуфтам ба паҳлуи саги он дилфурӯз,
Хоб дар чашмам намеояд зи шодӣ то ба рӯз.
Дӣ чу пеш омад ба роҳ он дилбари раъно маро,
Ман зи шарм ӯро надидам, ӯ зи истиғно маро.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш