Ғарибии Хуросонӣ (форсӣ: غریبی خراسانی‎; ? — қарни XVI) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Ғарибии Хуросонӣ

Зиндагинома вироиш

Дар сини камолот, дар замони ҳукмронии Ҳумоюн ба Ҳиндустон рафта, ба хидмати дарбори ин подшоҳ ворид гардид. Дар анвои гуногуни шеър асарҳо офаридааст. Ғазалро неку мегуфт. Дар манбаъҳо аз девонаш иттилоъ надодаанд. Абёти зер аз сурудаҳои ӯст:

Гар гушоди кори мо будӣ зи зулфи ёри мо,
Инчунин ошуфтаву барҳам набудӣ кори мо.



Дил зи чоки сина мехоҳад, ки бинад рӯйи дӯст,
Марҳам, ай мушфиқ, манеҳ бар синаи афгори мо.
Ай Ғарибӣ, илтифоти ӯ ба ғайр озор нест,
Чанд хоҳад буд, ё Раб, дар пайи озори мо?!



То ҳарими ҳарами ёр шуда маскани ман
Рафта берун ҳаваси хулди барин аз сари ман

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш