Ғарибии Ҳиравӣ (? — қарни XVI) — шоир ва донишманди форс-тоҷик, аз шогирдони Бадруддини Ҳилолӣ.

Ғарибии Ҳиравӣ

Зиндагинома вироиш

Ғарибии Ҳиравӣ дар баъзе манбаъҳо Ҳиротӣ омадааст; муддате Маҷлисии Ҳиравӣ тахаллус мекардааст. Дар зодгоҳаш — Ҳирот ва Самарқанд улуми мутадовилаи даврро омӯхааст. Дар шеъру шоирӣ Бадруддини Ҳилолиро устод медонист. Ҳангоми зиндагӣ дар Самарқанд ба хонаи падари тазкиранигор Мутрибии Самарқандӣ рафтуомад дошт. Дар Самарқанд ӯро Муллои Ҳиравӣ ном мебурданд, вале бо тахаллуси Ғарибӣ шеър мегуфт. Дар ҳамин давра Мутрибӣ аз ӯ илми сиёқ (суханронӣ, тарзи баён)-ро омӯхтааст. Мутрибӣ ӯро чун шоири боистеъдод, шахси фозилу донишманд, гӯяндаи ашъори покиза тавсиф намудааст. Ба Ҳирот баргашта, ба хидмати ҳукмрони давр ворид гардид. Дар ин ҷо тахаллуси Маҷлисиро пазируфт. Дар манбаъҳои адабӣ аз Ғарибии Ҳиравӣ чун шоири соҳибдевон ёд кардаанд. Аз эҷодиёташ намунаҳо ба тавассути тазкираҳо расидаанд.

Ин ғазал аз ӯст:

Ишқ он рӯз, ки аз сирри ҳақиқат дам зад,
Сирри ин нукта сар аз ҷайби банӣ Одам зад.
Бесубот омада бунёди ҷаҳон ҳамчу ҳубоб,
Аблаҳ аст он, ки ба худ хайма дар ин олам зад.
Дошт ҷамъияти хотир зи сари зулфи ту дил,
Боди субҳ омаду ин силсиларо барҳам зад.
Ончунон бо алами ишқ дилам хӯй гирифт,
Ки даме бе алами ишқ ба олам кам зад.
Аҳду паймони Ғарибӣ, маҳи ман, суст магир,
Даст дар силсилаи ишқ басе муҳкам зад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш