Ғариби Шоҳҷаҳонободӣ

Шайх Насруддин Аҳмад Ғариби Шоҳҷаҳонободӣ (қарни XVIII) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Ғариби Шоҳҷаҳонободӣ

Зиндагинома вироиш

Ғариби Шоҳҷаҳонободӣ дар замони Шоҳ Олами II (1759—1806) зиндагӣ ва эҷод кардааст.

Тибқи маълумоти муаллифи тазкираи «Маҷмўаи нағз» Қудратуллоҳ Қосим гузаштагонаш аз аҳли Кашмир будаанд ва Ғариби Шоҳҷаҳонободӣ марди «қобилу қобилдӯст, бо илму ҳаё, ҳовии ақлу киёсат, некхӯ, кушодарӯ, хушақида, покмазҳаб, некрӯя, суфимашраб» буд. Ба забони форсӣ ва баъзан ба урду шеър мегуфт. Девонашро соли 1769 худаш мураттаб намудааст, ки фарогири ғазал, тарҷеъбанд, рубоӣ ва қасида буда, нусхаи он дар Китобхонаи Анҷумани Осиёии Бангол маҳфуз аст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш