Ғарнота, Грана́да (исп. Granada [ɡɾaˈnaða]) — шаҳр дар Испониёи Ҷанубӣ, дар Андалус, дар доманаи кӯҳи Сйерра-Невада, дар андароби дарёҳои Хенил ва Дарро. Маркази маъмурии музофоти Ғарнота. Аҳолиаш 250 ҳазор нафар (2014). Масоҳаташ 88,02 км2.

Маҳалли аҳолинишин
Ғарнота

исп. Granada[1]
The whole Alhambra Granada Spain.jpg
Парчам[d] Нишон[d]
Парчам Нишон
Координатаҳо 37°10′41″ с. ш. 3°36′03″ з. д.HGЯO
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Ғарнота дар харитаи
Ғарнота
Ғарнота

ТаърихВироиш

Ғарнота аз соли 500 то м. ҳамчун деҳаи иберӣ ва фи­ниқии Илиберра маълум аст. Дар асри 6 — ибтидои асри 8 тобеи вестготҳо (готҳои ғарбӣ) буд. Соли 711 онро араб­ҳо забт намуданд. Баъди аз ҷониби испаниҳо истило шудани Кордова (Қуртуба) (1236) ва Севил (1248) мусул­монҳо ба Ғарнота фирор карданд ва он пойтахти давлати нави Аморати Гранада (1234—1492) гардид. Дар асрҳои миёна яке аз шаҳр­ҳои сарватманди Аврупо, маркази тиҷорат ва ҳунар­ман­дӣ буд. Дар асри 14 Ғарнота тараққӣ кард. Соли 1492 шаҳр баъди му­ҳосираи 8-моҳа ба костилиягиҳо таслим шуд. Яҳудиён аз шаҳр ронда шуданд, мусулмонҳо дар асри 17 шаҳрро тарк карданд. Шаҳр рӯ ба харобӣ оварда, дар асрҳои 18-19 аз нав эҳё гардид. Дар замони ҷанги шаҳрвандии сол­ҳои 1936-39 яке аз марказҳои тарафдорони Ф. Франко буд. Ғарнота маркази бузурги тиҷорату саноат ва истеҳсоли яроқу аслиҳа аст. Саноати кимиё, чарм­гарӣ, бофандагӣ, қаннодӣ та­раққӣ кардааст. Корхо­наҳои май­кашӣ ва пивопазӣ дорад. Ғарнота яке аз марказҳои бузурги сайё­ҳӣ аст. Дар замони салтанати арабҳо дар Ғарнота масҷиду манораҳои бисёр (ал-Ма­нор-де Сан-Хосе, асри 11), ҳам­момҳо, қасрҳои Дору-л-Ман­ҷар ал-Кубро ва Дору-л-Ҳур­ра (асри 15), мадрасаи Юсуф ва ҳоспитали Мористон сохта шуданд. Маҳаллаи қадимии му­сулмон — ал-Байсин боқӣ мондааст. Қасри маш­ҳури ал-Ҳамро (асрҳои 13-15) дар яке аз теппаҳои наз­дики Ғарнота во­қеъ аст. Дар давраи салтанати шоҳони ис­па­нӣ дар маркази шаҳр Ибодатхонаи шо­ҳӣ (1505-21, марқади Фердинанди V ва Изабеллаи I) ва калисои ҷомеъ (1522, готикаи баъдӣ) сохта шуданд. Бо ташаббуси ашрофони дарборӣ, ки таҳ­ти таъсири меъмории даврони Эҳё қарор доштанд, Ҳос­пи­тали шоҳӣ (1511—1640), дайрҳои Сан-Херонимо (ибтидои асри 16), Ла-Картуха (ибтидои асри 16), калисои Санта-Анна (асри 16) бунёд гардиданд, намои Ибодатхонаи шоҳӣ аз нав сохта шуд. Дар асри 17 сохтани ибодатхонаҳо (калисо ва дайри Анҷел Кустодио, меъмор А. Кано, 1652) вусъат ёфт. Дар асрҳои 19-20 якчанд лоиҳаи бузурги шаҳр­созӣ амалӣ гардид, ки барои танзими сохтмони иморатҳои шаҳр равона шуда буданд: хиёбони Гран Виа де Колон (1851), осорхонаи Хосе Герреро, осорхонаи бостон­шино­сӣ, осор­хона — ёдгории Ф. Гарсиа Лорка, до­ниш­гоҳ ва ғ. Дар де­ҳаи Фуэнте-Вакерос осорхонаи шах­сии Гарсиа Лорка (дар он ҷо таваллуд шудааст) мавҷуд аст.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш