Ғассониён
Ғассониён (ар. الغساسنة) — номи қабила ва сулолаи ҳукмрони араб (529—636) дар Фаластини Шарқӣ (ҳудуди имрӯзаи Сурияи Ҷанубӣ ва Урдун).
Ғассониён | |||||||||
| |||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| |||||||||
Пойтахт | Jabiyah[d] | ||||||||
Шакли ҳукмронӣ | подшоҳӣ | ||||||||
Зуҳур ва ташкили давлат
вироишДар ибтидои асри V Ғассониён ҳокимияти сулолаи Солиҳиёнро дар Сурияи Ҷанубӣ барҳам дода, давлати мустақили худро таъсис доданд. Дар аҳди Ҳорис ибни Ҷабал (529—569) Ғассониён бо империяи шарқии Рум шартнома баста, минбаъд дар тамоми ҷангҳои румиён бо Эрон ширкат доштанд.
Иштирок дар набардҳои минтақа
вироишСоли 545 Ҳорис бо мақсади забти Арабистони Марказӣ бо шоҳи сулолаи Лахмиҳо Мунзири III, ки иттифоқчии эрониён буд, ҷанг оғоз намуда, пас аз шикаст додани ӯ дар соли 554 қисме аз давлати ӯро тобеи худ кард. Дар замони ҳукмронии писари Ҳорис Мунзир (569—581) давлати Ғассониён ба авҷи қудрат расида, ӯ соли 570 шоҳи Лахмиҳо Қобусро шикаст дод. Минбаъд бо сабаби сарпечӣ кардани Мунзир аз муҳофизати марзҳои империя, муносибати Ғассониён ва императори шарқии Рум сард гардид. Новобаста ба созиши дутарафа ва забт карда шудани пойтахти Лахмиҳо (578), иттифоқчиён чун пешин ба ҳамдигар эътимод надоштанд. Соли 581 бо амри император Тиберий Мунзир ва ду писарашро дастгир карда, ба назди ӯ бурданд. Писари дигари Мунзир — Нуъмон соли 584 бо императори шарқии Рум ҷанг оғоз намуд, аммо дастгир ва ба Ситсилия бадарға гардида, давлати Ғассониён барҳам дода шуд.
Таназзули давлат
вироишДар ибтидои асри VII император Ҳерақл (Ираклий) бо мақсади пешгирии хатари эҳтимолии арабҳо ҳокимияти Ғассониёнро барқарор намуд. Мутобиқи маъхазҳои форсии асри VII ҳокими Ғассониён Ҷабал ибни Айҳам дар муҳорибаҳои Думату-л-Ҷандал (634) ва Ярмук (636) аз ҷониби румиҳо ширкат намуда, пас аз шикасти онҳо ба Рум рафт ва соли 642 дар он ҷо фавтид. Пас аз ин ҳудуди давлати Ғассониён ба Хилофати Араб тобеъ гардид.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ғассониён // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.