Менгниязов Ғаффор (тав. 27. 08. 1932, ноҳияи Шӯрчии ҶШС Ӯзбекистон), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1974), дотсент (1978).

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1951–1953 дар Донишкадаи муаллимтайёркунии ш. Сталинобод таҳсил намудааст. Солҳои 1953–1954 муаллими физика ва математикаи мактаби миёнаи № 2 ноҳияи Шаҳринав, 1954–1957 донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко, 1957–1965 муаллими физика ва математикаи мактаби миёнаи № 18 ш. Душанбе буд. Аз соли 1968 ассистент ва муаллими калон, аз соли 1978 дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад. Солҳои 1969–1972 дар аспирантураи донишкадаи омӯзгорӣ таҳсил намуда буд. Оид ба тарзи хаттии омӯзиши функсияҳои тригонометрӣ тавассути мафҳуми инъикос дар фанни математикаи мактаби миёна кори илмӣ анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 100 корҳои илмӣ ва илмию методӣ, аз ҷумла китобҳои дарсии математика барои синфҳои 5–11 бо забони ӯзбекӣ мебошад.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва чандин ифтихорномаҳо сарфароз шудааст.

  • Намунаи ҳалли масъалаҳои геометрӣ бо татбиқи тригонометрия, Д., 1971;
  • Практикум аз лимит, ҳосила ва татбиқи функсияҳо (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1977;
  • Алгебра 7 (Китоби дарсӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2003;
  • Алгебра 8 (Китоби дарсӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2004;
  • Математика 6 (Китоби дарсӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2006;
  • Математика 5 (Китоби дарсӣ), Д., 2009.

Пайвандҳо

вироиш