Ғаюрии Кобулӣ
Ғаюрии Кобулӣ (форсӣ: غیوری کابلی[1]; қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишДар зодгоҳаш — Кобул таҳсил намудааст. Дар бораи шарҳи ҳолаш маълумоти муфассал ба даст наомадааст. Аз Кобул ба Ҳиндустон рафта, аз мулозимони Акбар (ҳукмронӣ 1556−1605) гардид ва «мартабааш тараққӣ ёфт» (тазкираи «Арафоту-л-ошиқин ва арасоту-л-орифин»-и Авҳадӣ). Соҳибдевон будааст.
Абёти зер аз ӯст:
Дерест, дило, ҷаҳонпарастӣ, чӣ шудӣ?
Бас тарф зи молу ҷоҳ бастӣ, чӣ шудӣ?
Аз суҳбати халқ рӯ ба танҳоӣ кун,
Умре ба ҷаҳониён нишастӣ, чӣ шудӣ?
Эзоҳ
вироиш- ↑ غیوری کابلی. afghanpedia.com. 25 май 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Ғаюрии Кобулӣ / С. Ализода // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.