Ғелакии Балхӣ
Ғелакии Балхӣ (форсӣ: غیلکی بلخی; қарни XVI — қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишЗодгоҳаш Балх. Дар мадрасаҳои Балх ва Ҳирот таҳсили илм кардааст. Ғелакии Балхӣ соҳиби табъи баланди шоирӣ буда, дар тамоми анвои шеър маҳорат доштааст. Мутрибӣ ашъори Ғелакии Балхиро тавсиф намуда, дар «Тазкирату-ш-шуаро» як ғазал ва як рубоии ӯро меорад. Ғелакии Балхӣ ҳангоми хатми тазкираи мазкур (1605) дар қайди ҳаёт будааст.
Ин ғазал аз ӯст:
Бо бало хӯ кардаем, эй дил, таҳаммул кори мост,
Дард ҳамзонуву меҳнат ҳамдаму ғамхори мост.
Ҳар куҷо ранҷест дар офоқ, бо мо ҳамдам аст,
Ҳар куҷо дардест, дар таври вафо тӯмори мост.
Он ки серӣ нест ӯро, аз ситамкории туст,
В-он ки мехоҳад зи ту инро, дили афгори мост.
То ба фикри зулфи ӯ имони худ кардам дуруст,
Ғелакӣ, тавқи вафояш ҳалқаи зуннори мост.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ғелакии Балхӣ / У. Каримов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.