Ғитрифӣ (ар. ‎غتریفی) — воҳиди пули Бухоро дар асрҳои 8–12, ки бори нахуст дар замони ҳукмронии волии Хуросон Ғит­риф ибни Ато ба муомилот бароварда шуда буданд. Дар рӯи сиккаҳои ғитрифӣ сурати шоҳ Баҳроми Гӯр (ҳукм­ронӣ 421–438) ва дар пушташон оташгоҳи зардуштӣ ва ду мубад тас­вир ёфта буданд. Дар тарафи чапи тасвири сиккаҳо номи халифа ал-Маҳдӣ зарб ёфта, дар тарафи рос­ташон навиш­та­ҷоти суғдӣ «Пухар хуб кава» – «Ҳокими Бухоро, каё­нӣ» доштанд. Сабаби асосии ба муомилот бароварда шудани ғитрифӣ дар он буд, ки дар натиҷаи ривоҷи му­но­си­батҳои ти­ҷоратӣ бо минтақаҳои дигари хилофат аз Бухоро сик­ка­ҳои зиёди тилоию нуқрагӣ ба хориҷ бароварда шуда, дар муомилот камбуди пули нақд ба амал омад.

Ба қавли Наршахӣ, ба дархости аъёну ашрофи Бухоро ба ҷои тан­га­ҳои нуқрагӣ дар кӯшки Мохаки Бухоро сик­ка­ҳои ғитрифӣ зарб ёфта (792), ба муомилот бароварда шуданд, ки таркибашон аз шаш навъ филиз: тило, нуқра, мушк, арзиз, мис ва оҳан иборат буд. Дар ибтидо бухорхудот бо мақсади баробар кардани қурби ғитрифӣ бо дирҳамҳои нуқрагӣ дар таркиби сиккаҳои нав тило ва нуқра илова карда буд. Вале баъди ба муомилот баровардани ғитрифӣ ин­тизориҳои ҳокимон бар­ бод рафта, мардум баъзан бо сабаби сиёҳ­ранг будани сик­каи нав аз қабули он сарпечӣ менамуданд. Ба қавли Нар­ша­хӣ, дар охири асри 8 шаш ғитрифӣ ба як дирҳами нуқра баробар буда, хироҷи солонаи аҳолии Бухоро ба ҳамин таносуб пардохта мешуд. Аз охири асри 9 то нимаи аввали асри 11 арзиши ғитрифӣ нисбат ба як дирҳами нуқрагӣ: соли 835 сад дирҳами нуқрагӣ ба 80 ғитрифӣ; соли 1128 сад дирҳами нуқ­рагӣ ба 70 ғитрифӣ баробар буд. Дар муомилот арзиши ғитрифӣ вобас­та ба тағйирёбии филиззоти таркиби сик­каҳо, аз ҷумла каму зиёдшавии тилою нуқраи он нисбат ба сиккаҳои холиси нуқрагӣ, мусайябӣ ва муҳам­мадӣ пас­ту баланд мешуд. Ғайр аз ин ғитрифӣ аз сиккаҳои му­сайябӣ ва муҳаммадӣ зоҳиран аз рӯи аломат, тасвир ва навиш­таҷоти худ фарқ мекард. Мувофиқи маълумоти маъ­хазҳои таърихии аср­ҳои 9–10 сиккаҳои ғитрифӣ танҳо дар Бухоро ва баъзе мулкҳои соҳили Ому истифода мешуданд, вале берун аз марзи маз­кур дарёфт шудани намуна ва дафинаҳои зиёди ғитрифӣ гувоҳи он аст, ки ҳудуди паҳншавии сиккаҳои мазкур хеле васеъ буд. Ба ақидаи сиккашинос Е. А. Давидович, сиккаҳои ғитрифӣ баъди таназзули давлати Сомониён дар асрҳои 11–12 низ дар муомилот буданд.

Сарчашма

вироиш

Ғитрифӣ / Д. Довудӣ // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.


Адабиёт

вироиш
  • Давидович Е. А. О загадочных дирхемах Мусейяби, Му­хам­мади и Гитрифи. Из истории монетного дела в Средней Азии IX–X вв // Труды XXV Международного конгресса востоковедов. Т. 3. М., 1963;
  • Кадырова Т. О «черных дирхемах» гитрифи и их роли в социально-экономической жизни Бухары VIII–X вв // Общественные науки в Узбекистане, 1977, № 10;
  • Довутов Д. К истории изучения бухархудатских монет. // Изв. Академии наук Таджикской ССР. 1981, № 4; История таджикского народа. Т. 3. Д., 2012.