Мир Ғиёсуддин ибни Мираки Бадахшӣ, мутахаллис ба Ғиёсӣ (форсӣ: غیاثی بدخشی‎; ?, деҳаи Ҳисорак, Бадахшон — 1768, Файзобод) — шоир ва орифи форс-тоҷик.

Ғиёсии Бадахшонӣ
Таърихи даргузашт: 1768
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, барои такмили дониш озими Ҳиндустон гардид. Дар он ҷо ба тасаввуф, ба нақшбандия майл кард. Баъди сайру сафарҳо ва мусофирати зиёд дар шаҳри Сирҳинд қарор гирифта, ба хидмати Шайх Ғуломмуҳаммад Маъсуми Сарҳиндӣ ворид гардид. Баъди касби камолу иршод маносики ҳаҷро ба ҷой оварда, соли 1765, дар айёми салтанати Султоншоҳи Бадахшӣ ба Файзобод омад ва дар ҳамон ҷо вафот кард. Таърихи вафоти ӯро яке аз наздикону пайравонаш — Шайх Муҳаммадюсуф чунин ба қалам овардааст:

Рав, биҷӯ дурри бадахшонӣ ту, ай ёри азиз,
Дар ҳазору яксаду ҳаштоду як гашта ниҳон!

Аз офаридаҳои Ғиёсии Бадахшӣ «Туҳфату-л-Маъсум» ном куллиёт боқӣ мондааст. Ин китоб чанд дафъа дар Ҳиндустон ба табъ расидааст. Аз унвонаш бармеояд, ки он ҳадяе ба устодаш Шайх Маъсуми Сарҳиндӣ будааст. Дар он ғазалҳо, мухаммасҳо, рубоиҳо, маснавиҳо ва дигар анвои шеъри ӯ фароҳам омадаанд. Ғиёсии Бадахшӣ дар ғазалсароӣ ҳунару маҳорати шоиста зоҳир намуда, дар ин самт пайрави Ҷалолуддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Неъматуллоҳи Валӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Носиралии Сарҳиндӣ ва дигарон будааст. Дар ашъораш ишқу муҳаббати инсонӣ, ҳусну малоҳати беғаши маҳбуба, дарди фироқу ҳубби ватан, андешаву мулоҳизаҳои ирфонӣ ва хислату сифатҳои ҳамидаи одамиро суруда, вижагиҳои ҳар се сабки роиҷи адабиёти форс-тоҷик (хуросонӣ, ироқӣ, ҳиндӣ)-ро моҳирона ба ҳам омехтааст.

Ғазали зер намунае аз шеъри ӯст:

Ай замзамаи шӯриши ишқат ба сари мо,
Бикшо гираҳ аз зулф, ки хун шуд ҷигари мо!
Ҳар лаҳза ба ёди рухат, ай моҳи дилафрӯз,
Хунобаи ҳасрат чакад аз чашми тари мо.
Умрест, ки дар кӯйи ту мо мунтазиронем,
Шояд, ки чу Маҳ ҷилва кунӣ дар назари мо.
Парвонаваш аз сӯхтани хеш натарсем,
Парвардаи оташ бувад ин болу пари мо.
Ай пайки сабо, гӯй ба Маҷнуни ҷамолаш,
К-оинаи дидор шуда бому дари мо.
Пайваста машоми дили шайдост муаттар
Аз накҳати ин ғолияи ашки тари мо.
Туҷҷори Яман туҳфа бибурданд, Ғиёсӣ,
Аз кони Бадахшон ба Хуҷанд ин гуҳари мо.

Нусхае чанд аз девони Ғиёсӣ дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А. Мирзоеви АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст, ки ҳанӯз мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст.

Адабиёт

вироиш