«Ғиёсу-л-луғот» (форсӣ: غیاث‌اللغات‎) — фарҳанги тафсирии форсии тоҷикӣ, ки соли 1827 Ғиёсуддин Муҳаммад ибни Ҷалолуддин ибни Шарафуддини Ромпурӣ таълиф кардааст.

Ғиёсу-л-луғот
Шакли асари халлоқона энсиклопедия

Мундариҷа

вироиш

Ин асар зоҳиран фарогири 17537 моддаи луғавист, вале дар имлои арабӣ гоҳе ҳам чандин калима дар як шакли навишт меоянд. Аз ин лиҳоз теъдоди калимаҳои дар «Ғиёсу-л-луғот» сабту эзоҳёфта хеле зиёд аст (мас., дар моддаи луғавии کره «кура (гӯй ва ҳар чизи мудаввар), курра (бачаи хару асп…), курҳ (нохушӣ ва сахтию ранҷ), карҳ (ҷабр ва норизомандӣ), кариҳ (нописандида) ва куруҳ (мухаффафи курӯҳ, яъне кӯс, нақораи бузург)». Дар «Ғиёсу-л-луғот» вожаҳову таъбирҳо ба тартиби алифбои арабиасоси форсии тоҷикӣ ба бобҳо (аз рӯи ҳарфи аввали моддаи луғавӣ) ва фаслҳо (мутобиқ ба ҳарфи дуввуми моддаи луғавӣ) тақсим шудаанд. Барои пайдо кардани калимаю ибораҳои матлуб мебояд ҳарфҳои якум, дуввум ва охирини онҳоро ба эътибор гирифт. Дар «Ғиёсу-л-луғот» бештар таркиби луғавии забони роиҷи замони нависандаи он — вожаҳои аслан форсӣ ва иқтибосӣ, ки аксаран реша ва ваҷҳи тасмияи онҳо бо истинод ба манбаъҳо бевосита дар дохили моддаҳои луғавӣ зикр гардидаанд, бозтоб шудаанд. Дар радифи вожаҳои форсӣ ҳамчунин чандин калимаи арабӣ, туркӣ, ҳиндӣ, урду ва ғ., ки аз осори манзуму мансури шоирону насрнависони форс-тоҷик, форсигӯёни Ҳиндустону Покистон, истилоҳоти илмҳои гуногун — фалсафа, мантиқ, ҳуқуқ, адабиёт, забон, нуҷум, тиб, табиатшиносӣ, риёзиёт, ҳандаса шарҳу тавзеҳ ёфтаанд. Муаллиф гоҳе ҳам барои ба фаҳми хонандаи ҳиндӣ ва урду наздик кардани асар муродифҳои ҳиндиву урдуи моддаҳои луғавиро пешниҳод намудааст, аз ин ҷост, ки онро чун фарҳанги дузабона низ метавон муаррифӣ кард.

«Ғиёсу-л-луғот» аз нахустин фарҳангҳоест, ки дар он ба тафовути шаклию маъноии воҳидҳои луғавии шарҳшаванда дар гӯишҳои «аҳли Форс» ва «аҳли Мовароуннаҳр» ба таври хос таваҷҷуҳ шудааст (чунончи, «Гушод ба маънои фатҳу зафар ва хушӣ ва ба маънои раҳо кардани тир аз шаст (аз „Бурҳон“; ва дар „Ҷавоҳиру-л-ҳуруф“ навишта, ки лафзи гушод-ро мардуми Форс ба кофи форсӣ ва аҳли Мовароуннаҳр ба кофи арабӣ истеъмол нумоянд»; "مشک (биззам ва билкаср, яъне — мушк ва мишк) ҳар ду тавр саҳеҳ аст, чиро ки аҳли Форс ба касри мим (яъне мишк) ва аҳли Мовароуннаҳр ба замми мим (яъне мушк) хонанд… (аз «Рашидӣ» ва «Баҳори Аҷам»)".

«Ғиёсу-л-луғот» дар заминаи 150 асари луғатнигорию адабию соҳавӣ мураттаб шудааст. Ҳар як сарчашмаи мавриди истифодаи муаллиф дар моддаи луғавии марбута зикр ёфтааст. Дар «Ғиёсу-л-луғот» барои таъкиду таъйиди маънои воҳидҳои луғавии мавриди тафсир, ба истиснои баъзе моддаҳо мисоли шоҳид оварда намешавад. Аммо маъхазҳои муҳимми лексикографие, ки муаллифи «Ғиёсу-л-луғот» барои муайян кардани шакл ё сохти вожаҳову маъноҳои онҳо муроҷиат кардааст, асосан фарҳангномаҳое мебошанд, ки аз ашъори адибони маъруф ва осори муаррихону олимони шинохтаи пешину муосир шоҳид овардаанд. «Ғиёсу-л-луғот» ба гурӯҳи қомусҳои тафсирии филологӣ дохил аст, аммо бо тарзи шарҳи муфассали илмии баъзе вожаву таркибҳои марбут ба адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, фалсафа, мантиқ, дин, ҷуғрофия, тиб, риёзиёт, ҳандаса, нуҷум, мусиқӣ ва ғ. бештар ба луғати энсиклопедӣ шабоҳат дорад. Дар фарҳанг вожа истилоҳоти арӯз, мусиқӣ, истиора, изофат, ҷамъ, ҳикмат, улум, ҳафт иқлим, ҳафтоду ду миллат, арз, доираи узмо, фаслӣ ва ғ. нисбатан муфассал шарҳ ёфтаанд. Дар «Ғиёсу-л-луғот» барои дақиқу дуруст хондани моддаҳои луғавӣ аз усули шарҳи муфассали шакли фонетикии калимаҳо тавассути зикри ҳаракати ҳарфҳо — фатҳа, касра, замма ва аломатҳои ташдид, сукун ва ғ. ба таври васеъ истифода шуда, гоҳе вожаҳои ҳамвазни воҳиди луғавии тафсирёбанда ҳам нишон дода шудаанд. Дар моддаҳои луғавии алиф, бо, зо, коф, ҳо, йо… оид ба пайвандакҳову пешояндҳо, пешванду пасвандҳо ва иштироки воҳидҳои луғавии мазкур дар шаклсозию калимасозӣ ва ғ. маълумоти фонетикӣ ва луғавӣ-грамматикӣ оварда шудаанд, ки онҳо барои омӯзиши таърихи забон муфиданд. Дар «Ғиёсу-л-луғот» ваҷҳи тасмия ва этимологияи баъзе вожаҳо (қисме аз онҳо омиёна) низ муайян карда шудаанд. «Ғиёсу-л-луғот» аз ҷиҳати фарогирии захираи луғавии забон яке аз фарҳангномаҳои нисбатан ҷомеъ ва комил ба ҳисоб меравад, ки дар он суннатҳои луғатнвисии форсӣ ҷамъбаст гардидаанд.

«Ғиёсу-л-луғот» бори нахуст соли 1848 бо тасҳеҳи муаллиф ба табъ расидааст. Баъдан дар матбааҳои Лакҳнав, Конпур, Мумбай (Ҳиндустон) ва Когон беш аз 15 бор нашр шудааст. Соли 1958 муҳаққиқи эронӣ Муҳаммаддабири Сиёқӣ ин фарҳангро дар ду ҷилд бо баъзе иловаҳои ҷузъӣ ба табъ расонид. «Ғиёсу-л-луғот» дар «таҳияи матн бо пешгуфтор, мулҳақот, тавзеҳот ва феҳрист»-и луғатшиноси тоҷик Амон Нуров дар се ҷилд (солҳои 1987—1989) мунташир шуд. Ин нашри «Ғиёсу-л-луғот» бо риояи тартиби алифбои арабиасоси тоҷикӣ ва бо замимаи луғоти иловагӣ бо унвони «Мулҳақот» ва инчунин бо тавзеҳоту луғатномаи тамоми калимаю ибораҳои фарҳанг ба табъ расидааст.

Адабиёт

вироиш
  • Воҳидов А. «Ғиёсу-л-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсуддин ва мавқеи ондар фарҳангнигории тоҷикӣ-форсӣ. Самарқанд, 2012.