Ғиёс (форсӣ: غیاث‎; қарни XVI, Язд — 1600) — шоир ва орифи форс-тоҷик.

Ғиёс (шоир)

Зиндагинома

вироиш

Дар шаҳри Язд ба дунё омадааст. Пас аз касби камол ба тариқати тасаввуфии нақшбандия рӯй овард. Пайравон, муридон, ҳаммаслакони бисёр дошт. Дар тазкираҳо намунаҳои ашъораш дар мавзӯъҳои ирфон, ҳасби ҳол ва ғайра сабт гардидаанд.

Ин рубоӣ аз ӯст:

Бечора касе, ки шаҳри Яздаш ватан аст,
Бечоратар он ки нақшбандӣ-ш фан аст.
З-он ҳар ду батар касе, ки аҳли сухан аст,
Ночор касе, ки ҳар се дорад, чу ман аст.

Адабиёт

вироиш