Ғозии Хуросонӣ
Ғозии Хуросонӣ (форсӣ: غازی خراسانی; қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишБино ба маълумоти Мутрибӣ («Тазкирату-ш-шуаро), дар яке аз маҳалҳои Хуросон ба дунё омада, дар Ҳирот илм омӯхтааст. Аз дастмузди қассобӣ таъмини маош мекардааст. Мутрибӣ ба маҳорати шоирии Ғозии Хуросонӣ баҳо дода, таъкид кардааст, ки «ӯ ашъори санҷида ва писандида» дорад. Азбаски Ғозии Хуросонӣ намояндаи адабиёти доираҳои ҳунармандӣ ва табақаҳои поини ҷамъият буд, дар ашъори ӯ то андозае аҳвол ва орзую омоли ҳамин табақаи аҳолӣ инъикос ёфтааст. Ашъори парокандааш ба тавассути тазкираҳо боқӣ мондааст.
Ин ғазалу рубоӣ намуна аз ашъори ӯст:
Лабташнаи ту моили Кавсар намешавад,
Саргарми бодаи ту мукаддар намешавад.
Нисбат ба ин гадои камин илтифоти ту,
Қурбон шавам, ки ҳеч муқаррар намешавад.
Аз як нигоҳи гарми ту то ҷон намедиҳам,
Меҳру муҳаббатам ба ту бовар намешавад.
Ғозӣ, туӣ, ки ханҷари қассобат орзуст,
Сайди заиф қобили ханҷар намешавад.
Дардо, ки гули умедам аз боғи мурод
Ҳаргиз ба муроди дили шайдо накушод,
Афсӯс зи дарди номуродӣ, афсӯс,
Фарёд зи дарди бенавоӣ, фарёд!
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ғозии Хуросонӣ / У. Каримов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.